БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ЭЛЕКТРОКАРДИОГРАФӢ

    Электрокардиогрофӣ (ЭКГ) - усули ба қайдгирӣ ва ташхиси майдонҳои электрикие мобошад, ки дар раванди кори дил шакл мегиранд. Ин навъи ташхис, хусусан дар кордиоложӣ, усули арзон ва бисёр боразиш ба шумор меравад.

     
  • ГУРДА ВА НАҚШИ ОН ДАР БАДАНИ ОДАМӢ.

    Урологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Абдувоҳид Абдусамадов.

     

    Гурда узви муҳими бадани одамӣ ба шумор меравад. Асоситарин вазифаи ин узвҳо - бартараф намудани пасмондаҳо ва ба пешоб табил карани онҳо мебошад. 8 литр хун дар дохили бадани мо дар як рӯз аз 20 то 25 маротиба тавассути гурдаҳо мегузарад.

     
  • БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО - ОРГАНИЗМИ ВОҲИД!

    Муовини табобатии директори

    Бемористони Ибни Сино.

    Бобоалиев Сархад.

     

    Бемористони Ибни Сино организми воҳидест, ки аз қисмҳои мухталиф иборат буда, аз ҳамоҳангии онҳо кори дармонӣ, ки  ҳадафи фаъолияти мост, вобаста мебошад. Бахши дармон, бахши парасторӣ, бахши таъминоту таъсисот, бахши молӣ, бахши равобити хориҷӣ ва дигар хадамоти ёрирасон, чун аъзоёни як бадан кор карда, шароити лозимаро барои кори пурсамар фароҳам мекунанд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

29 Август 2015

Синдроми нефретикӣ

Синдроми нефретикӣ  аломатҳоест, ки дар бисёре аз бемориҳои гурда дида мешавад. Ин беморӣ боис мешавад, ки сафедаҳо тавассути пешоб аз организм берун шуда, миқдори онҳо дар хун кам мегардад  ва намаку об дар бадан аз меъёр зиёд ҷамъ мешаванд. Синдроми нефретикӣ метавонад  дар ҳар синну сол домангири инсон шавад.

Дар кӯдакон бемории мазкур бештар миёни 18 моҳагӣ ва 4 солагӣ паҳн мегардад. Писарбачаҳо аз духтарбачаҳо дида бешар гирифтори он  мегарданд. Ин беморӣ аломатҳои

Муфассал...

Озмоишгоҳи муосир - кафолати табобати муваффақ

Аз фаъолияти самараноки озмоишгоҳ муваффақияти ташхису табобат вобастагии бениҳоят зиёд дорад. Дар озмоишгоҳ аз инсон намуна мегиранд ва дар асоси мушаххасоти он ба вазъи ин ва ё он узв баҳо медиҳанд.

Озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино дорои тамоми таҷҳизоти зарурии ҳозиразамон буда, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамояд. Дар озмоишгоҳи бемористон мутахассисони баландтаҷриба фаъолият менамоянд, ки аксари онҳо дар

Муфассал...

Табиат воқеан тансиҳатӣ мебахшад!

Мо тӯли 24 соат ҳамарӯза дар асорати хона ё коргоҳамон, қарор дорем, таҳти рӯшнои сунъӣ кор мекунем, дар дохили бино ғизо мехӯрем, аз хона ба кор тариқи нақлиёт ҳаракат мекунем ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба табиат рӯ намеорем. Ва агарам рӯ овардем, ин табиат шакли пешгӯишудаи поркиро ба худ мегирад, бо роҳравҳои сементӣ бо харакҳояш дар канори сабзазорҳо ва бо навиштаи "Дар сабазазоро нагардед!".

Муфассал...

ФОТО