БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ЭЛЕКТРОКАРДИОГРАФӢ

    Электрокардиогрофӣ (ЭКГ) - усули ба қайдгирӣ ва ташхиси майдонҳои электрикие мобошад, ки дар раванди кори дил шакл мегиранд. Ин навъи ташхис, хусусан дар кордиоложӣ, усули арзон ва бисёр боразиш ба шумор меравад.

     
  • ГУРДА ВА НАҚШИ ОН ДАР БАДАНИ ОДАМӢ.

    Урологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Абдувоҳид Абдусамадов.

     

    Гурда узви муҳими бадани одамӣ ба шумор меравад. Асоситарин вазифаи ин узвҳо - бартараф намудани пасмондаҳо ва ба пешоб табил карани онҳо мебошад. 8 литр хун дар дохили бадани мо дар як рӯз аз 20 то 25 маротиба тавассути гурдаҳо мегузарад.

     
  • БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО - ОРГАНИЗМИ ВОҲИД!

    Муовини табобатии директори

    Бемористони Ибни Сино.

    Бобоалиев Сархад.

     

    Бемористони Ибни Сино организми воҳидест, ки аз қисмҳои мухталиф иборат буда, аз ҳамоҳангии онҳо кори дармонӣ, ки  ҳадафи фаъолияти мост, вобаста мебошад. Бахши дармон, бахши парасторӣ, бахши таъминоту таъсисот, бахши молӣ, бахши равобити хориҷӣ ва дигар хадамоти ёрирасон, чун аъзоёни як бадан кор карда, шароити лозимаро барои кори пурсамар фароҳам мекунанд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Сентябр 2015

30 Сентябр 2015

Астсит ва сабабҳои пайдоиши он

Ҷамъшавии моеъ дар дохили ковокии шикамро астсит номида мешавад. Бемориҳои мухталиф метавонад ин ҳолатро ба вуҷуд оранд. Бино бар гуфтаи пизишкони Бемористони Ибни Сино танҳо 30 – 40% шахсони гирифтори астсит давомнокии умрашон тақрибан то 5 сол кам мешавад. Аз ин рӯ ҳар замоне, ки шахс дучори аломатҳои астсит шавад, бояд ҳатман ба пизишк муроҷиат намояд.

Муфассал...

Ташхиси функсионалӣ - заминасози табобати дуруст

Ташхиси функсионалӣ яке аз бахшҳои муҳими тибби имрӯз ба шумор меравад. Ворид намудани усулҳои замонавӣ ва дақиқи  таҳқиқот ва технологияҳои компютерӣ дар илми тибб, аз ҳама бештар ба рушди  диагностикаи  функсионалӣ мусоидат мекунанд.

Имрӯз барои гузоштани ташхиси саҳеҳи функсионалӣ нақши муҳимеро иҷро мекунад. Инчунин сохтани таҷҳизоти нави замонавии бо сифат ва истифода  аз усулҳои нави ташхиси организми одам, яке аз сабабҳои дигари рушди бо суръати

Муфассал...

23 Сентябр 2015

Бемористони Ибни Сино: Табобат бо усули гистероскопия

Гистероскопия имрӯз дар таҷрибаи клиникии гинекологӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст. Дар бахши амрози занонаи Бемористони Ибни Сино низ аз ин усули муосир ба наҳви аҳсан истифода мекунанд. Гистероскопия муолиҷаи ташхисӣ - табобатӣ буда, имкон медиҳад роҳи гарданаи бачадон, дохили бачадон ва нойҳои даҳанаи бачадонро ба василаи асбоби дақиқи оптикӣ - гистероскоп муоина кунанд.

Муфассал...

21 Сентябр 2015

Анъанаи хуби Бемористони Ибни Сино ва сафари кории пизишкони маъруфи бемористон ба филиалҳо идома дорад!

Ба тавваҷӯҳи сокинони шаҳру ноҳияи Панҷакент мерасонем ки дар санаи 25-29 сентябр бо сафари кори ба ноҳия кардиолог Малика Юсупова ташриф меорад! Онҳое, ки аз бемориҳои мухталифи дил азият мекашанд, метавонанд аз машварат ва табобати ин мутахассиси ботаҷриба баҳраманд гарданд!

Муфассал...

Табобати санги талхадон

Ҷарроҳии умумӣ бахше аз ҷарроҳист, ки бештар бо узвҳои маҳватаи шикам, аз ҷумла сурхрӯда, меъда, рӯдаи борик, рӯдаи ғафс, ҷигар, ғадуди зери меда, талхадон, роҳҳои талхагузар ва ғадуди сипаришакл нигаронида шудааст.

Инчунин ин бахши ҷарроҳӣ бо беморҳои пӯст, сина, бофтаҳои мулоим, ки нишони варамӣ доранд ва чурра сару кор дорад. Ҷарроҳии умумӣ яке аз соҳаҳои муҳими тибби муосир ба шумор меравад. Яке аз бемориҳои паҳнгаштаи узвҳои

Муфассал...

16 Сентябр 2015

Тавсияҳои табибони Бемористони Ибни Сино барои пешгирии бемориҳои мавсимӣ

Бо фарорасии фасли тирамоҳ, ки тағйирёбии зуд-зуди ҳаво, боду борон, рутубату намноки оғоз меёбанд имконияти гирифтории инсон ба бемории зуком дучанд мегардад. Баъд аз тобистони гарм ҷисми одам ҳанӯз ба чунин боду ҳаво мутобиқ нашудааст. Ҳамин ки каме пойҳояшон нам шуд, зуд таб мекунанд ё сулфаю оби димоғашон ҷорӣ мешавад. Зуком оризаҳои нохуш дорад. Бино бар ин, бо он бояд сари вақт ва ҷиддӣ мубориза бурд.

Муфассал...

12 Сентябр 2015

Ҷарроҳии эндоскопӣ - усули босамари табобати склерози ғадуди простата

Простатити музмин (хронический) аз ҳама бемории паҳнгардидаи узвҳои ҷинсии мард ба шумор меравад ва аксаран дар мардони  синну соли қобили меҳнат ва аз нигоҳи ҷинсӣ фаъол ба назар мерасад. 

Паҳншавии аз ҳад зиёд, зуҳуроти хусусиёти вазнини асосии клиникӣ ( аломатҳои дардӣ  ва дизурикӣ, безурёти дар оила, халалдоргаштани муносиботи ҷинсӣ ва ғ.) ва зарурати муроҷиати тез тез ба духтур дар синну соли нисбатан ҷавон, простатити музминро на фақат  мушкилоти тиббӣ, балки  мушкилоти иҷтимоъӣ низ     мегардонанд.

Муфассал...

Безуриётӣ табобатшаванда аст

Табибони гинекологи Бемористони Ибни Сино, ки мутахасиссони дараҷаи олӣ буда, таҷрибаи бисерсолаи корӣ доранд бемории безуриётиро табобатшаванда медонанд.

Табибони ин беморхона дар фаъолияташон аз дастгоҳҳо ва озмоишу ташхисоти муосир истифода мебаранд. Таҷҳизоти ташхисию табобатии замонавӣ, ва дараҷаи баланди тахасуссии кормандон ба беморон кафолати табобати оҷилӣ ва

Муфассал...

11 Сентябр 2015

Остеоартроз

Остеоартроз дар миёни бемориҳои буғумҳо аз ҳама бемории паҳнгашта ба шумор меравад. Тибқи омори расмӣ беш аз 20% аҳолии курраи Замин гирифтори ин беморӣ мебошанд. Асоси ин бемориро бадҷинсшавии (дегенератсия) тағояки буғумӣ, бо сабаби камгаштани маҳлули "протеогликан" дар он ташкил мекунад. Сабабҳои пайдоиши ин беморӣ низ гуногунанд. То ба ҳол мутахасссон сабабҳои пайдоиш ва рушди ин бемориро пурра муаян накардаанд. Ҳангоми остеоартроз бадҷинсшавии зуд

Муфассал...

10 Сентябр 2015

Ҷарроҳии сутунмӯҳра ва табобати он дигар мушкили

Мутахассисони Бемористони Ибни Сино мегӯянд, таҷҳизоти муосир ва таҷрибаи ғанӣ имкон додааст, ки ҷарроҳиҳои мухталифи сутунмӯҳраро бо муваффақият  анҷом диҳанд.

Аз ҷумла, табибони Бемористон борҳо ҷарроҳиҳои спондилолистез, ё бартараф намудани беҷошавии мӯҳраҳо, спондилолиз - бартараф намудани ноустувории мӯҳраҳо бо воситаи лавҳаи титанро анҷом дода, беморонро

Муфассал...

ФОТО