БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • БЕМОРИИ КАМХУНИИ ДИЛ ВА РОҲҲОИ ПЕШИГИРИИ ОН. (ВИДЕО)

    Кардиологи Бемористони Ибни Сино,

    Юсупова Малика

     

    Бемории ишемиявии дил осеби шадид ё музмини миокард мебошад, ки дар натиҷаи кам ё пурра қатъ шудани таъмини мушаки дил аз ғизои он – оксиген, ба миён меояд. Боз ҳам соддатар баён кунем, мушакҳои дил аз оксиген, ки бо хун расонида мешавад, камбудӣ мекашанд, ва агар ин камбуди тӯл кашад боиси иллатдор шудани мушакҳои дил мегардад.

     
  • БУҒУМИ НОДУРУСТ Ё АРТРОЗИ ДУРӮҒИН.

    Мудири бахши ортопедии

    Бемористони Ибни Сино, 

    доктор Мирзобеков Қурбоналӣ

     

    Буғуми нодуруст ё артрози дурӯғин ҳолати патологиест, ки ҳангоми он пайвастагии устухони дарунхолӣ халадор мегардад. Дар илми тибб ҳолати мазкурро ба ду навъ - буғуми нодурусти касбкарда, ки дар натиҷаи ҷароҳат ё шикастани устухон  шакл мегирад ва буғуми нодурусти модарзодӣ тақсимбандӣ кардаанд. 

     
  • ЭНДОСКОПИИ ДАСТГОҲИ ГУВОРИШ (РОҲИ МЕЪДАВУ РӮДА): ДАҚИҚТАРИН УСУЛИ ТАШХИС!

    Ассистенти бахши гастроэнтерологии

    Бемористони Ибни Сино,                                             

    доктор Қосимов Маҳмадсабур.

     

    Дар тибби муосир, эндоскопӣ аз ҳама усули дақиқи ташхиси бемориҳои узвҳои гувориш (роҳи меъдаву рӯда) шинохта шудааст. Ин муоина, на танҳо имкон медиҳад бемоориҳои гуногунро дар давраи аввалияи онҳо ошкор кунанд, балки гоҳе авқот сабаби наҷоти ҷони инсон низ мегардад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Сентябр 2018

29 Сентябр 2018

ИЛТИҲОБИ МУШАКӢ ДИЛ (МИОКАРДИТ)

Мутахассиси бахши кардиологии

Бемористони Ибни Сино,    

доктор Малика Юсупова.

 

Миокардит ё илтиҳоби мушаки дил, миёни бемориҳои дилу раг 5-10% ро дар бар мегирад. Ҷараёнҳои илтиҳобӣ дар бофтаҳои мушаки дил (миокорд), муддати тӯлонӣ метавонанд зери хастагии музмин худро пинҳон кунанд ва бемор аз вуҷуди онҳо хабардор намегардад.

Муфассал...

28 Сентябр 2018

ҲИФЗИ ШУНАВОӢ

Мутахассиси бахши Гӯш, Гулӯ ва Бинӣ (ЛОР)-и

Бемористони Ибни Сино,

доктор Нозим Шодиев.

 

Тибқи оморҳои тиббӣ ҳар нафари 9-ум дар сайёраи Замин дорои ихтилоли шунавоӣ мебошад. Мутаасифона инсон на ҳама вақт метавонад нишонаҳои паст шудани шунавоиашро сари вақт мушоҳида кунад.

Муфассал...

27 Сентябр 2018

"ГЕМЕРАЛОПИЯ" Ё ШАБКӮРӢ!

Мутахассиси бахши чашмпизишкии

Бемористони Ибни Сино,      

доктор Шаҳло Бобоҷонова.

 

Чашмони одам қодиранд ҳатто дар шаб, шакл, ранг ва ҳаҷми ашёҳоро бубинанд ва фарқ кунанд. Аммо баъзе одамон бо фарорасии торики ё рушаноии паст, шакл ва ранги ашёҳоро фарқ намекунанд.

Муфассал...

26 Сентябр 2018

БРОНХИТ ВА АВОРИЗИ СУЪИ ОН

Пизишки умумии

Бемористони Ибни Сино,      

доктор Дилором Ахмедова.

 

Бронхит бемории пардаҳои луобии нойчаҳои шуш мебошад, ки бештар бо сабаби сироят (вирусӣ ё бактериолӣ) ба вуҷуд меояд. Бронхит метавонад шадид ё музмин (хронический) бошад.

Муфассал...

24 Сентябр 2018

ВИТАМИНИ ""D" ВА РОҲҲОИ ҶУБРОНИ ОН ДАР ФАСЛИ САРМО

Витамини "D" яке аз аносури калидӣ дар организми одамӣ ба шумор меравад ва барои солим нигоҳ доштанӣ устухонҳо, пӯст, мӯи сар ва узвҳои дигар нақши вежа дорад. Мутаассифона имрӯз одамони зиёде дар сайёраи Замин ба камбудӣ ин унсури муҳим мувоҷеҳ гардидаанд.

Муфассал...

20 Сентябр 2018

ДАРД ДАР ҚАФАСИ СИНА: АЛОМАТИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ

Мутахассиси бахши кардиологии

Бемористони Ибни Сино,                                            

доктор Акмалҷон Қудратов

 

Дардҳо дар қисмати сина метавонанд бо сабаби ҳолатҳо ва бемориҳои гуногун буруз кунанд. Ва на ҳама вақт сабаби ин дардҳо бемориҳои дил ба шумор мераванд. Аммо  ҳангоми эҳсоси ҳар гуна дард дар қисмати сина, инсон бояд ҳатман ба табиб муроҷиат кунад.

Муфассал...

ИЛТИҲОБИ МУЗМИНИ ҒАДУДҲОИ БОДОМШАКЛ (ТОНЗИЛЛИТИ МУЗМИН)

Мутахассиси бахши Гӯш, Гулӯ ва Бинии (ЛОР)

Бемористони Ибни Сино,

доктор Нозим Шодиев

 

Дар бораи бемориҳои ғадуди бодомшакл, аз қабили тонзиллит (варами ғадуди бодомшакл) ва ангина (дарди гулӯ) қариб ҳама иттилоъ доранд, аммо дар бораи шакли музмини (хронический) беморӣ маълумоти чандоне вуҷуд надорад.

Муфассал...

19 Сентябр 2018

КАМХУНӢ

Камхунӣ гуфта, дар истилоҳи тиббӣ бемориеро меноманд, ки ҳангоми он шумораи эритротситҳои хун камшуда, ҳемоглобинӣ он поин меравад. Ба ин беморӣ метавонад, хунравии зиёд, халал дар кори мағзи устухон, вайроншавии ҳуҷайраҳои хун ва як қатор иллатҳои дигар оварда расонад.

Муфассал...

18 Сентябр 2018

КОЛИТ (ИЛТИҲОБИ ПАРДАИ ЛУОБИИ РӮДАИ ҒАФС) - "БЕМОРИИ НОГУВОР"

Колит ё илтиҳоби пардаи луобии рӯдаи ғафсро "бемории ногувор" унвон мекунанд. Ин бемори метавонад муддати тӯлонӣ инсонро азият намуда, ҳиссиёти бисёр бадеро ба бор орад.

Муфассал...

15 Сентябр 2018

САКТА Ё ИНФАРКТИ ШУШ

Одатан бештари мардум, сактаро ба бемориҳои қалб марбут медонанд, аммо ин андешаи чандон дурусте нест. Дар истилоҳоти тиббӣ калимаи сакта (инфаркт) маънои марги бофтаҳои узвро дорад, ки бо сабаби норасонии таъмини хун дар  узв ба вуқӯъ мепайвандад.

Муфассал...

ФОТО