БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ ИБНИ СИНО: ИСОМАДИНОВ ХАЙРУЛЛО

    Хайрулло Исомадинов ҷарроҳи моҳиру тавонои дилу рагҳо (кардиохирург) ва табиби хушмуомилаи Бемористони Ибни Сино тӯли бист соли фаъолияташ садҳо нафарро ҷарроҳӣ карда ва умри дубора бахшидааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ ИБНИ СИНО: САТТОРОВ ОРИФҶОН!

    Пизишке, ки сарсупурдаи кори худ аст ва мешавад ба ӯ пурра эътимод кард. Хуб медонад дар лаҳзаҳои душвор беморро чи гуна рӯҳбаланд кунаду хешовандонашро таскин бахшад. Маъмулан, одамон ба табибони миёнсол эътимоди бештар доранд, аммо бо садоқат ба кори худ, дониши қавӣ ва муомилаву рафтори махсус бо ҳар бемор, ӯ тавонистааст дар синни ҷавонӣ ин эътимодро ба даст оварад.

     
  • СИНДРОМИ ХАСТАГИИ МУЗМИН

    Кардиологи бемористон,

    доктор Мусоева Марҷона.

     

    Хастагии зиёд ва заъфи умумӣ аз шикоятҳоеянд, ки мардум ба пизишкони гуногун муроҷиат мекунанд. Теъдоди зиёде аз мардум ҳам бо ин ки хастагии музмин доранд, ба табибон муроҷиат намекунанд. Вазъи онҳо одатан баъди истироҳати кофӣ беҳбуд меёбад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Сентябр 2019

23 Сентябр 2019

ОН ЧӢ, КИ ҲАМА ДАР БОРАИ БЕМОРИИ ДИАБЕТ БОЯД БИДОНАНД

Ассистенти бахши эндокринологии бемористон,

Доктор Маҳмадёров Диловар.

 

Бемории диабети қанд, фишорбаландӣ, баландшавии холестерин дар хун, ҳама бемориҳое хастанд, ки насли ва генетикӣ мебошанд. Бисёр муҳим аст, ки бидонед ин бемориҳо вақте ташхис шуданд то охири умр дар бадани бемор мемонанд.

Муфассал...

21 Сентябр 2019

НАМУДҲОИ МУХТАЛИФИ ИНСУЛИН ВА ТАРЗИ ИСТИФОДАБАРИИ ОНҲО

Эндокринологи бемористон,

Доктор Аббоси Тавакуллиён.

 

Агар бемори диабети қанд аз авал ҷиддӣ гирифта нашавад ва ба таври асосӣ бо доруҳои ҷадиди шинохташуда дар дунё табобат нашавад, ҳуҷайраҳои инсулин дар ғадуди зери меъда хаста шуда, дигар инсулини мавриди истифодаи баданро тавлид намекунад. Дар ин маврид ҳатто доруҳо наметавонанд қанди хунро паст кунанд. Дар ин ҳолат бояд ба бемор инсулин  дода шавад. Беморон ва табибон бояд бидонанд, ки ҳангоми тазриқи инсулин қурси метформин низ лозим аст.

Муфассал...

12 Сентябр 2019

ЯТРОГЕНӢ ЧИСТ?

Терапевти бемористон,

доктор Ҳамроалиева Ноҳида.

 

Ятрогения (дар юнонии қадим  ἰατρός "табиб" + γενεά "таваллуд") - бадшавии ҳолати ҷисмонӣ ё ҳаяҷонии шахс аст, ки мутахассиси соҳаи тиб нохоста боиси рух додани он гардидааст. Пизишкон аввалин шуда  хатари фаъолияти касбии худро барои ҳаёт ва саломатии одамон дарк карданд.

Муфассал...

БЕМОРИИ ҶОҒАР

Эндокринологи бемористон,

Доктор Аббос Тавакуллиён.

 

Бемории ҷоғар, яъне ғадуди сипаршакл аз андоза калонтар шудан аст. Дар сурати ботаҷриба будани табиби эндокринолог метавонад тағйироти андозаи ғадуди сипаршаклро бо муоина ташхис гузорад. Дар сурате, ки табиб натавонад бо муоина андоза ва хусусиятҳои зобро муайян созад, он гоҳ тавассути УЗИ метавонад онро муайян созад.

Муфассал...

07 Сентябр 2019

НОҲАНҶОРИИ (АНОМАЛИЯИ) ЭБШТЕЙН

Аз рӯи омор аз 1000 навзод қариб 8 нафараш гирифтори нуқси модарзодии дил буда, аномалии Эбштейн бошад, нуқси нодири модарзодии дил ба ҳисоб меравад. Ин нуқс наздики 0,5-1 дарсади ҳамаи нуқсҳои модарзодии дилро фаро мегирад.

Муфассал...

ФОТО