БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Ироаи китоби "Роҳнамои ҷомеъ барои умум Ҳепотити С"

Рӯзи 2. 02. 2016 дар Бемористони Ибни Сино ироаи китоби табиби шинохтаи эронӣ Сайид Муаййиди Алавиён "Роҳнамои ҷомеъ барои умум Ҳепотити С" доир гардид. Китоби мазкур аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форисӣ-тоҷикӣ дар ҳамкори бо Бемористони Ибни Сино бо ду хат - форсӣ ва кириллӣ чоп шудааст.

Доктор Алавиён устоди Донишгоҳи улуми пизишкӣ ва раиси Маркази ҳепотити Теҳрон буда, китобҳои зиёде дар заминаи ҳепотит таълиф намудааст. Китоби "Ҳипотити С" аввалин иқдом дар баргардони ва интишори китобиҳои риштаи пизишкӣ буда, Пажӯҳишгоҳ дар оянда низ ин корро идома хоҳад дод. Китоби мазкур на танҳо барои пизишкон, балки барои оммаи мардум низ аз фоида холӣ нахоҳад буд. Ҳепотит бемории бисёр паҳнгашта мебошад ва афзоиши огоҳии умумӣ дар мавриди роҳҳои интиқолу пешгирии он, метавонад ба контроли беморӣ кумак кунад.

ФОТО