БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Ҷинсият ва ахлоқи пизишкӣ: меъёр куҷост?

    Рӯзноманигори бемористон,

    Маҳини Даврон.

     

    Меъёрҳои ахлоқи пизишкӣ дар тӯли таърих яксон набудааст. Ин меъёрҳо вобаста ба шароит, қонунгузорӣ, фарҳанг ва мазҳаби ҳар кишвар ё ҷомеъае ба сурати гуногун шакл гирифта ва таҳаввул ёфтааст.

     
  • Тавонбахшӣ пас аз ҷарроҳиҳои ортопедӣ

    Ортопеди бемористон,

    доктор Мирзобеков Қурбоналӣ

     

    Дар шароити имрӯз зарурати тавонбахшии пас аз ҷарроҳии афроди мубтало ба бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракатдиҳанда беш аз пеш ба миён омадааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҚОДИРҶОН НИЁЗОВ

    Қодирҷон Ниёзов пизишки умумӣ ва қалби Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар заминаи дармони умумӣ (терапия) ва муолиҷаи бемориҳои дил сӣ сол таҷрибаи корӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ПИЗИШКИ УМУМӢ (ТЕРАПЕВТ)

Мутахассиси ин бахш доктор Дилором Ахмедова рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 17 ва рӯзҳои шанбе аз соати 8 то 12 ба қабули беморон машғул аст. Утоқи пизишки умумӣ дар ошёнаи дуввуми бемористон ҷойгир аст. Дар Бемористони Ибни Сино, пизишки умумӣ аввалин мутахассисест, ки бемор бо ӯ рӯ ба рӯ мешавад. Зиёда аз 90 дар сади маризон дар бемористон, аз тарафи пизишки умумӣ (терапевт) ташхис ва дармон шуда, камтар аз 10 дар сади онхо бо тавсияи ӯ ба муоинаи мутахассиси дахлдор равона мегарданд.

Пизишки умумии бемористон ба ҳамаи маризон метавонад ёрии аввалия расонад ва маризиҳои зеринро табобат мекунад:

- сармохӯрдаги, зуком;   

- дармони доругии маризиҳои гӯшу гулуву бинӣ ва чашм;

- маризиҳои дохилӣ, шуш ва роҳҳои нафаскашӣ;

- узвҳои ҳозима;

- маризиҳои роҳҳои пешобгузар;

- дардҳои андом ва ғайра.

Утоқи кории пизишки умумӣ бо фишорсанҷ, негатоскоп, стетоскоп ва дигар асбобҳои санҷишу баррасии аввалия муҷаҳҳаз кунонда шудааст. Пизишки умумӣ дар ҳолатхои зарурӣ инчунин метавонад аз хидматрасонии озмоишгоҳи бемористон ва бахши ташхиси дастгоҳии он истифода кунад.

Нархномаи хизматрасонии пизишки умумиро метавонед аз ин нишонӣ пайдо кунед: http://www.ibnisino.tj/tg/narkhnoma/dushanbe/672-darmongoh.html

ФОТО