БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Ҷинсият ва ахлоқи пизишкӣ: меъёр куҷост?

    Рӯзноманигори бемористон,

    Маҳини Даврон.

     

    Меъёрҳои ахлоқи пизишкӣ дар тӯли таърих яксон набудааст. Ин меъёрҳо вобаста ба шароит, қонунгузорӣ, фарҳанг ва мазҳаби ҳар кишвар ё ҷомеъае ба сурати гуногун шакл гирифта ва таҳаввул ёфтааст.

     
  • Тавонбахшӣ пас аз ҷарроҳиҳои ортопедӣ

    Ортопеди бемористон,

    доктор Мирзобеков Қурбоналӣ

     

    Дар шароити имрӯз зарурати тавонбахшии пас аз ҷарроҳии афроди мубтало ба бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракатдиҳанда беш аз пеш ба миён омадааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҚОДИРҶОН НИЁЗОВ

    Қодирҷон Ниёзов пизишки умумӣ ва қалби Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар заминаи дармони умумӣ (терапия) ва муолиҷаи бемориҳои дил сӣ сол таҷрибаи корӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Гурдаҳо дар ҷисми мо чи вазифаро иҷро мекунанд?

Урологи Бемористони Ибни Сино,

доктор Абдусамад Абдувоҳидов.

 

Гурда яке аз муҳимтарин узви бадани одам ба шумор меравад. Вазифаи асоситарини он бартараф кардани пасмондаҳо тавассути пешоб мебошад. Дар як шабонарӯз аз шаш то ҳашт литр хуни бадани инсон аз 20 то 25 маротиба тавассути гурдаҳо гардиш мехӯрад.

Яъне дар маҷмуъ, гурдаҳо қариб 180 литр хунро дар ҳар 24 соат филтр мекунанд.

Таркиби хуни мо бо сабаби истеъмоли хӯрок ва нӯшиданиҳо доиман тағйир меёбад. Хун ба гурдаҳо тавассути рагҳои шараёнӣ (артерия) ворид мегардад ва ин рагҳо шоха-шоха шуда, оқибат ба рагҳои тунуке мубаддал мегарданд ва бо нефронҳо, ки таркиби асосии дохили гурдаҳо мебошанд, мепечанд.

Дар ҳар гурда қариб миллион нефрон вуҷуд дорад, ки дар якҷоягӣ майдони пурзӯри филтрҳо ва датчикҳоро ба вуҷуд меоранд, то хунро ба таври комил поксозӣ кунанд. Маҳз дар ҳамин ҳангом, то чӣ андоза нозук ва дақиқ будани ин систем маълум мегардад.

Барои поксозии хун ҳар нефрон аз ду абзори пурзӯр истифода мекунад: яке таркиби саққомонанд аст, ки калобача ё ғунча (клубочек) ном дорад ва вазифаи аз элак ё ғалбер гузарондани хунро дорад. Дигаре найчаи дарози кашидашуда аст, ки ба он роҳча ё лулача (каналец) мегӯянд ва танҳо моддаҳои муайяне чун минерал ва витоминҳоро мегузаронад. Дар натиҷа рагҳо шурӯъ ба фаъолият мекунанд ва вазифаашон муайян намудани зарурати ин моддаҳо барои бадан мебошад. Агар онҳо барои бадан лозиманд, ба миқдори зарурӣ ҷаббида мешаванд ва ба ҷараёни хун ҳамроҳ мегарданд. Аммо дар хун на фақат моддаҳои фоидабахш мавҷуданд. Таркиби хун, инчунин аз пасмондаҳо низ иборат аст ва вазифаи нефронҳост, ки муайян мекунанд бо ин пасмондаҳо чи кор кунанд. Роҳчаҳо моддаҳои ба организм нодаркорро (масалан мочевина ё корбомид, партови мубодилаи сафеда дар организми одам) муайян намуда, онҳоро тариқи пешоб ба воситаи ду нойи дароз, яъне роҳи шоша (ё пешобгузар), аз гурда берун мекунанд. Оканаи ин роҳҳо ба масона мерасад ва аз онҷо ин пасмондаҳо барои ҳамеша бадани моро тарк мекунанд.

Агар дар хун об аз ҳад зиёд ҷамъ гардад, гурда онро низ тавассути пешоб ихроҷ мекунад. Аз тарафи дигар кам будани об дар хун гурдаҳоро маҷбур месозад, ки қисмате аз онро ба ҷараёни хунгард бозгардонанд. Он гоҳ миқдори оби пешоб камтар шуда ва ба ҳамин хотир рангаш зард мешавад.

Назорати ҳаҷми об дар гурдаҳо кумак мекунад, ки моеъоти бадан назм дошта бошанд. Гурдаҳо қобилияти аз ин бештар низ доранд.

Ин узвҳо инчунин қобилияти истифодаи витомини "D"- ро барои тарашшӯҳи (секреция) ҳормони "Ренин", ки фишори хунро боло мебарад ва ҳоромони "Эритропоэтин", ки тавлиди зарраҳои сурхи хунро зиёд мекунад, доро мебошанд.

Бидуни гурдаҳо моеъоти бадани мо аз назорат хориҷ мешуданд. Агар гурда намебуд, хуни мо баъд аз ҳар истеъмоли ғизо, пур аз миқдори моддаҳои зараррасон мешуд ва баъд аз муддате ҷисми мо лабрези пасмондаҳо шуда, аз кор меуфтод.

Аз ин рӯ ҳар як гурда, ки на танҳо нозири миқдори моеъоти таркиби ҷисми мост, балки дар воқеъ нигаҳбони ҳаёти мо низ ҳаст. Ва чӣ хуб, ки ин лӯбиёшаклони мӯҷизаофар дар бадани мо на як, балки ду донаанд.

ФОТО