БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҲАМРОАЛИЕВА НОҲИДА

    Пизишке, ки дар бораи ҳамаи бахшҳои тиб донишу маълумоти фарох дорад ва ҳама гуна бемориҳои даруниро метавонад табобат кунад.

     
  • Роҳҳои пешгирӣ аз бордорӣ

    Гинекологи бемористон,

    доктор Ситора Қодирова.

     

    Новобаста ба он ки роҳҳои пешгирӣ аз ҳамл зиёданд, интихоби дурусти он яке аз масоили муҳим барои занон боқӣ мемонад. Интихоби роҳҳои дуруст ва босамари пешгирии ҳамл солимии борвари (репродуктиви)-и зану мард ва робитаи солими ҷинсиро таъмин мекунад.

     
  • Хатари фавт аз вируси ҳепотит бештар аз хатари короност

    Пизишки бемористон,

    Қосимов Маҳмадсабур.

     

    Имрӯз мо аз вируси короно ҳарос дорем, аммо бехабар аз он ҳастем, ки  маргу мири одамон дар ҷаҳон аз вируси ҳепотит камтар аз короно нест.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ЭХОКАРДИОГРАФИЯ

Кардиологи бемористон,

доктор Мунира Нугмонова.

 

Эхокардиографӣ (ЭХОКГ) ё ултрасадои дил аз беҳтарин равишҳои таҳқиқи абзории дил ба шумор меравад. Ин равиш комилан безарар буда, онро мешавад чандин бор ва дар ҳар синну соле анҷом дод.

ЭХОКГ имкон медиҳад тасвири дақиқе аз кори дил ба даст ояд ва дахолати амали ҷарроҳиро камтар кунад. Ин равиш партави ионӣ (радиация) надорад, ки ба бадан таъсири биологӣ расонад. Набудани дард, имкони мушоҳидаи ҳаракати узв дар замони муайян ва арзон будани ин равиш, аз бартариҳои ЭХОКГ ба шумор мераванд. Бо ин равиш ҳаҷми даҳлезчаҳо ва меъдачаҳои дил ва ғафсии девораҳои дилро метавон муайян ва ҳолати кори даҳлезчаҳои дилро баҳодиҳӣ кард. 

ЭХОКГ бештар ҳангоми нафастангӣ, вуҷуди омосҳо, варамҳо ва дард дар қисмати дил, барои ашхосе, ки қобилияти кори ҷисмониашон кам гардидааст, ҳангоми баланд гардидани фишори артериалӣ, ҳангоми кори нодурусти дил ва афроди гирифтор ба бемориҳои дилу раг тавсия мегардад. 

Ба василаи ЭХОКГ бемориҳои мухталифи дил аз қабили: 

- норасоӣ ё стенози даричаҳои митрол, аорталӣ, трикуспид ва даричаи раги шуш;

- вуҷуд ё набуди иллатҳои дил ва каридимиопатӣ; 

- бемориҳои рагҳои бузург, ки аз дил убур мекунанд, монанди аорта ва раги шушӣ; бемориҳои илтиҳобии қабатҳои дил, миокардит, эндокардит ва парикардит;

- сактаи миокорд; вуҷуди лахтаҳои хунӣ (тромбҳо); вуҷуди варами дил; гипертрофӣ ва кушод шудани ғуфраҳои дил(камера) ва ғ. ошкор карда мешаванд.

Ҳангоми гузаронидани ташхиси дил ва рагҳо ба василаи ЭХОКГ, табибон аз се режими кории дастгоҳро истифода мебаранд.

1. Режими М. Ин режимро эхокардиографии якченака менамонад ва ҳангоми он, дар монитори дастгоҳ, ҳамаи сохторҳои дар ҳоли ҳаракати дил намудор мегарданд.

2. Режими В. Дар ин режим дар монитор тасвири ду табақаи дил намудор мегардад.

3. Режими доплерӣ ё доплер-эхокардиографӣ. Ин режим имкон медиҳад пизишкон тағйири суръати ҳаракати дилро сабт кунанд.

ЭХОКГ баъзан бо мақсади пешгирии амроз ҳам тавсия мешавад. Ашхоси солим ҳам бояд 1 ё 2 маротиба дар сол ва афроди аз 6-сола боло ҳар 6 моҳ аз таҳқиқи УЗИ-и дил гузаранд. Ба касоне, ки ЭХОКГ тавсия мегардад, бояд пеш аз гузаронидани ин ташхис аз истеъмоли қаҳва ва дигар нӯшиданиҳои нерӯбахш парҳез кунанд ва натиҷаҳои ташхисҳои қаблиро низ ҳамроҳ дошта бошанд. 

Дар Бемористони Ибни Сино эхокардиографӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва аз ҷониби табибони ботаҷриба анҷом мешавад.

ФОТО