БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҲАМРОАЛИЕВА НОҲИДА

    Пизишке, ки дар бораи ҳамаи бахшҳои тиб донишу маълумоти фарох дорад ва ҳама гуна бемориҳои даруниро метавонад табобат кунад.

     
  • Роҳҳои пешгирӣ аз бордорӣ

    Гинекологи бемористон,

    доктор Ситора Қодирова.

     

    Новобаста ба он ки роҳҳои пешгирӣ аз ҳамл зиёданд, интихоби дурусти он яке аз масоили муҳим барои занон боқӣ мемонад. Интихоби роҳҳои дуруст ва босамари пешгирии ҳамл солимии борвари (репродуктиви)-и зану мард ва робитаи солими ҷинсиро таъмин мекунад.

     
  • Хатари фавт аз вируси ҳепотит бештар аз хатари короност

    Пизишки бемористон,

    Қосимов Маҳмадсабур.

     

    Имрӯз мо аз вируси короно ҳарос дорем, аммо бехабар аз он ҳастем, ки  маргу мири одамон дар ҷаҳон аз вируси ҳепотит камтар аз короно нест.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: АМИНОВ МУБИН

Аминов Мубин Муҳиддинович мудири бахши урологии Бемористони Ибни Сино, пизишки дараҷаи олӣ, уролог-эндоуролог, андролог. 

Доктор Мубин Аминов аз соли 1981 то соли 1987 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил намуда, пас аз хатми донишгоҳ ҳамчун пизишк аввалин фаъолияти кориашро дар Бемористони марказии шаҳри Панҷекат шурӯъ кардааст. Такмили аввалияи ихтисосро дар соли 1988 дар кафедраи урологии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон гирифта, сипас соли 1989 барои гирифтани тахассуси андролог ба Санкт-Петербург рафтааст. Ҳамчунин, дар солҳои 2004-2005 дар шаҳрҳои мухталифи Русия давраҳои такмили ихтисосро гузаштааст.

Дар солҳои 2012-2014 дар давраҳои такмили ихтисоси урология ва нефрология дар ҷумҳурии Эрон ширкат кардааст. 

Муддати ёздаҳ сол аст, ки дар Бемористони Ибни Сино бо пизишкони эронӣ кор карда ва таҷриба омӯхтааст. Доктор Аминов аз табибони кордону корозмудаи Бемористони Ибни Сино буда, ҳамеша бо чеҳраи кушода ва муомилаи хуш ба пазироӣ ва дармони бемороне, ки аз дарди гурда ва роҳҳои пешобрав ранҷ мебаранд, машғул аст.

Мубин Аминов дар тӯли фаъолияти кориаш зиёда аз ҳазор амалиёти ҷарроҳии урологиро анҷом додааст. Яке аз бузургтарин дастовардҳои доктор Аминов ва тамоми бахши урологии Бемористони Ибни Сино анҷоми ҷарроҳиҳо бо равиши муосир ва камзахм мебошад.

Доктор Аминов дар табобати бемориҳое чун аномалия (инҳироф), осеб ва латхӯрии гурда, роҳҳои пешобрав ва андомҳои таносулӣ, санги гурда, омоси гурда ва узвҳои пешобрав, варикосел, гидросел, безурриётӣ ва ғайра таҷриба ва маҳорати баланд дорад.

Рӯзҳои пазириш: душанбе то ҷумъа аз соъати 8:30 то 16:30

Шанбе аз 8:30 то 12:00

ФОТО