БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҲАМРОАЛИЕВА НОҲИДА

    Пизишке, ки дар бораи ҳамаи бахшҳои тиб донишу маълумоти фарох дорад ва ҳама гуна бемориҳои даруниро метавонад табобат кунад.

     
  • Роҳҳои пешгирӣ аз бордорӣ

    Гинекологи бемористон,

    доктор Ситора Қодирова.

     

    Новобаста ба он ки роҳҳои пешгирӣ аз ҳамл зиёданд, интихоби дурусти он яке аз масоили муҳим барои занон боқӣ мемонад. Интихоби роҳҳои дуруст ва босамари пешгирии ҳамл солимии борвари (репродуктиви)-и зану мард ва робитаи солими ҷинсиро таъмин мекунад.

     
  • Хатари фавт аз вируси ҳепотит бештар аз хатари короност

    Пизишки бемористон,

    Қосимов Маҳмадсабур.

     

    Имрӯз мо аз вируси короно ҳарос дорем, аммо бехабар аз он ҳастем, ки  маргу мири одамон дар ҷаҳон аз вируси ҳепотит камтар аз короно нест.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: АБДУВОҲИДОВ АБДУСАМАД

Олими ҷавон, пизишки меҳрубон, боҳушу сахткӯш ва навовари Бемористони Ибни Сино. Бо маърӯзаҳои бешумори худ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ суханронӣ кардааст. Беш аз 50 мақолаи илмӣ дар бахши урологӣ навишта, ҳамчун «Олими ҷавон»-и Тоҷикистон эътироф шудааст.

Абдувоҳидов Абдусамад Абдуқаҳорович, мудири шуъбаи умумии бемористон, уролог-андролог, эндоуролог, номзади илмҳои тиб мебошад.

Ӯ соли 2009 аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино бо дипломи сурх фориғуттаҳсил шуд. Давраи коршиносии аршад ё магистратураи худро низ дар бахши урологии донишгоҳи мазкур дар соли 2011 бо дипломи аъло ба поён расонд. 

Абдусамад Абдувоҳидов аз пизишкони варзида ва кӯшои бемористон буда, ҳамеша дар ҳоли омӯзиш, ҷустуҷӯ ва рушди пешаи худ мебошад. Ин пизишки донандаи чандин забон бо маърӯзаҳои илмии худ пайваста дар ҳамоишҳои байналмилалӣ дар кишварҳое чун Эрону Австрия ва Ҳиндустон, Узбакистону Гурҷистон ва Русия ширкат ва суханронӣ мекунад.

Варзиш кардан ва мутолеъаи китоб аз саргармиҳои аслии доктор Абдувоҳидов дар фурсатҳои холӣ ва замони фароғаташ аст. Навоварӣ дар соҳаи тиб ва огоҳӣ аз навгониҳо дар ин арсаро шиор ва ҳадафи аслии худ медонад. 

Доктор Абдувоҳидов на танҳо аз моҳиртарин пизишкони Бемористони Ибни Сино мебошад, балки аз ҳозиқтарин мутахассисон ва олимони ҷавони Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар соли 2017 барои талошу заҳматҳояш аз сӯи Фарҳангистони илмҳои тибби Вазорати тандурустии Тоҷикистон унвони «Олими ҷавони сол»-ро гирифт. Ин олими ҷавон ду ихтироъи худ дар илми тибро, ки яке роҷеъ ба равиши табобати простатити музмин ва дигаре равиши ҷаррохии санги гурда аст, ба Маркази сабти ихтироъот пешниҳод кардааст.

Ҳамчунин, ӯ аз устодони бахши урологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон буда, ба тадриси донишҷӯёни хориҷӣ дар ин донишгоҳ  машғул аст.

Ӯ аз соли 2012  дар Бемористони Ибни Сино ба ҷарроҳӣ ва муолиҷаи ҳамаи анвоъи бемориҳои гурда, аз қабили пиелонефрит, паранефрит, санги гурда ва роҳҳои пешобрав, омоси гурда, омоси масона, омоси узвҳои ҷинсии беруна, безурриётӣ, варикасел ва дигар бемориҳои гурда ва роҳҳои пешобгузар машғул аст.

Рӯзҳои пизириш: аз душанбе то ҷумъа аз соати 8:30 то 16:00

Шанбе аз 8:30 то 12:00

ФОТО