БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

     
  • Валвулопластик чист?

    Агар дар гузашта танҳо роҳи дармони нуқси модарзодӣ ва пайдошудаи дил ҷарроҳии кушод буд ва қалби бемор боз мешуд, имрӯз бо равиши замонавии валвулопластик ин нуқсро метавон осон бартараф кард.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ ИБНИ СИНО: ИСОМАДИНОВ ХАЙРУЛЛО

Хайрулло Исомадинов ҷарроҳи моҳиру тавонои дилу рагҳо (кардиохирург) ва табиби хушмуомилаи Бемористони Ибни Сино тӯли бист соли фаъолияташ садҳо нафарро ҷарроҳӣ карда ва умри дубора бахшидааст.

Доктор Хайрулло Исомадинов Донишгоҳи давлатии тиббиро соли 1999 дар шаҳри Хуҷанд ба поён расонд.

Баъд аз хатми донишгоҳ аввалин фаъолияти худро ҳамчун ҷарроҳи умумӣ дар Бемористони клиникавии шаҳри Хуҷанд оғоз кард ва то соли 2005 идома дод.

Давраи ординатураро аз соли 2005 то 2008 ва аспирантураро аз соли 2012 то 2015 дар Донишгоҳи марказии ҷарроҳиҳои дилу рагҳои ба номи Бакулева А.Н дар шаҳри Маскав сипарӣ кард.

Соли 2015 ба Душанбе омада, дар Бемористони Ибни Сино ба ҳайси ҷарроҳи дилу рагҳо шурӯъ ба фаъолият кард.

Аз соли 2016 ба ин сӯ мудирияти бахши ҷарроҳии дилу рагҳо ва бахши ҷарроҳии умумии бемористонро бар зимма дорад. 

Соли 2016 давраи такмили ихтисосро дар Донишкадаи баъдаздипломии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон гузаронд. Ҳамчунин дар соли 2018 барои боло бурдани маҳорати касбии худ дар заминаи ҷарроҳии дилу рагҳо дар Бемористони Шаҳид Раҷоии Теҳрон ва Бемористони Фаршиёни шаҳри Ҳамадони Эрон омӯзиш дидааст. 

Доктор  Хайрулло Исомадинов муддати панҷ соли фаъолияташ дар Бемористони Ибни Сино беш аз 300 амали ҷарроҳии кушоди дилро анҷом дода, афроди зиёдеро ба зиндагии солим баргардондааст. 

Ба наҳви олӣ ва ҳирфаӣ анҷом додани тамоми намудҳои ҷарроҳии кушодаи дилу рагҳо, ислоҳи нуқсони модарзодиву пайдошуда, ислоҳи нуқсони даричаи дил, шунтгузории аортакоронарӣ, инчунин анҷом додани  ҷарроҳиҳои эндо, аз қабили торакоскопия ва лапороскопия аз дастовардҳои доктор Хайрулло Исомадинов мебошад. 

ФОТО