БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҲАМРОАЛИЕВА НОҲИДА

    Пизишке, ки дар бораи ҳамаи бахшҳои тиб донишу маълумоти фарох дорад ва ҳама гуна бемориҳои даруниро метавонад табобат кунад.

     
  • Роҳҳои пешгирӣ аз бордорӣ

    Гинекологи бемористон,

    доктор Ситора Қодирова.

     

    Новобаста ба он ки роҳҳои пешгирӣ аз ҳамл зиёданд, интихоби дурусти он яке аз масоили муҳим барои занон боқӣ мемонад. Интихоби роҳҳои дуруст ва босамари пешгирии ҳамл солимии борвари (репродуктиви)-и зану мард ва робитаи солими ҷинсиро таъмин мекунад.

     
  • Хатари фавт аз вируси ҳепотит бештар аз хатари короност

    Пизишки бемористон,

    Қосимов Маҳмадсабур.

     

    Имрӯз мо аз вируси короно ҳарос дорем, аммо бехабар аз он ҳастем, ки  маргу мири одамон дар ҷаҳон аз вируси ҳепотит камтар аз короно нест.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ИСЛОҲИ УФТОДАГИИ УЗВҲОИ ТАНОСУЛӢ ВА НОРАСОИИ МУШАКҲОИ ДОХИЛИ КОС

   Фаромадагии узвҳои таносулӣ ва ё норасоии мушакҳои дохили кос ба маънои аз ҷои худ беҷо шудани узвҳои таносулӣ, монанди бачадон, масона ва рӯдаи рост мебошад, ки ба истилоҳи тиббӣ пролапси гениталӣ, систоселе ва ректоселе номида мешавад.

 

  Ин беморӣ дар синну соли борварӣ (репродуктивӣ) шурӯъ мешавад ва авҷ гирифтани он ба вайрон шудани кори узвҳои коси хурд мерасонад ва на танҳо ба фаъолияти ҷисмонӣ, балки ба фаъолияти кории занон низ таъсироти манфӣ мерасонад.

Сабабҳои беморӣ:

- вайроншавии синтези ҳормонҳо;

- норасоии бофтаҳои пайвасткунананда;

- осеб дидани узвҳои коси хурд (ҳангоми таваллуд);

- бемории музмини шикам, ки ба афзоиши фишори дохили шикам меоварад;

   Яке аз инҳо боиси норасоии мушакҳо ва дар натиҷа пролапси андомҳои таносулӣ мешавад. Баланд шудани фишори дохили шикам беморро ба зӯр задан водор месозад ва дар натиҷа узвҳои таносулӣ аз ҷои худ беҷо мешаванд ё пойин мефароянд.

  Колбадшиносӣ (анатомия)-и андомҳои таносулӣ: Дар қисмати поёнии масона маҳбал ва дар пушти он рӯдаи рост аст, ки ҳангоми фаромадан ё беҷо шудани онҳо масона мисли халта мешавад.

Аломатҳои фаромадагии узвҳои таносулӣ:

- эҳсоси нороҳатӣ дар андомҳои таносулӣ;

- дарди поёни шикам ва миён;

- надоштании пешоб ё зуд-зуд пешобронӣ;

- қабзияти шикам ва рӯдаҳо;

-  дард ба ҳангоми робитаи ҷинсӣ;

Ташхис

Дар сурати вуҷуди яке аз ин аломатҳо, дармонҷӯ ба машварати пизишки занон (гинеколог), ташхиси соногрофӣ ва муоинаи раҳм ё бачадон ниёз дорад.

Табобат

Ислоҳ ё барқарорсозии пролапси узвҳои таносулӣ ба дараҷа ва мизони беҷо шудани онҳо аз ҷои худашон вобаста аст: дараҷаи аввал ва дувуми ин оризаро метавон бо машқҳои махсус барқарор кард; дараҷаи се ва чор танҳо бо роҳи анҷоми амалҳои ҷарроҳии плостикӣ ислоҳ мешавад: ислоҳи канали маҳбалӣ (колпоррафия), ислоҳи даридагиҳо дар маҳбал ва ё мушакҳои даҳонаи он (колпоперинеорафия), дӯхтан ё пайванд задани андоми фаромада ба девораи шикам (вентрофиксация) ба занҳои синну соли боло тавсия дода мешавад.

ФОТО