Дар бемористони Ибни Сино аз 7 августи соли ҷорӣ кардиологи машҳури эронӣ доктор Сомӣ ба қабули беморон мепардозад.
Мутахассиси варзидаи эронӣ, кардиологи барҷаста Алдубонй Амирҳусейн (Доктор Сомй) аз санаи 7-уми август дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморони дил, тангии рагҳо ва бемориҳои модарзодии дил
шурӯъ менамояд. Алдубонй Амирҳусейн (Доктор Сомй) -мутахассиси бемориҳои дил, боз кардани тангии рагҳо, дармони бемориҳои модарзод ва даричаи дил бидуни ҷарроҳӣ мебошад. Ҳар нафаре, ки ба бемории дил гирифтор аст, метавонад аз ин имконият истифода намояд ва аз муоинаи чунин мутахассиси барҷаста гузарад. Хоҳишмандон метавонанд худро қаблан дар Бемористони Ибни Сино номнавис намоянд.