БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • СИНДРОМИ ЗАНОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК

    Унвони аслӣ

     

    Шикоятҳои пайдарпайи невропсихиатрикӣ дар занони ҷавони мубталои ҷоғари сода, дар Тоҷикистон (Синдроми занони ҷавони тоҷик?!).

     

    Аббоси Таваккулиёни Арҷманд, интернист, эндокринолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Малика Юсупова, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

    Унвони кӯтоҳ

    «Ҷоғари содаи эндемикӣ ва ҳолатҳои асабхастагии шадид; оё ин ду бо ҳам иртибот доранд?»

     

     

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот: Малика Юсупова, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к.  Фотеҳ. Ниёзи 34, +992446400102, +992446400103  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

     
  • Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

    УНВОН

    (TITLE)

     

     Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

     

    Аббоси Тавакуллиён Арҷманд, эндокринологи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Баргардон ба хати кириллӣ Абдухалил Холиқзода

    *Вироиш ва тарроҳӣ Фирӯза Назирова

     

     

    Унвони кӯтоҳ

    (Running title) 

    Чӣ гуна як мақолаи илмӣ бинависем?

     

     

     

     

     *Фирӯза Назирова, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к. Фотеҳ Ниёзӣ 34, +992446400102; +992446400103, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

     
  • УСУЛ ВА РАВИШИ МУАЙЯН КАРДАНИ ГУРӮҲИ ХУНИ ОДАМӢ

    Мудири озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино,

    Хуросон Набиева

     

    Сурми хунӣ дорои ин ё он оглутинин, барои тасдиқ ё радди вуҷуди оглутиногени муносиб дар эритротситҳои (галбули сурх) мавриди таҳқиқ, ба сифати вокунишдиҳанда (ректив) комилан муносиб аст.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Қалби мо ба парасторӣ ниёз дорад

Мутаассифона, солҳои охир шумораи беморони қалб ва рагҳои хунгард дар кишвари мо хеле зиёд шудааст. Қисми зиёди шахсони синну солашон аз 30-40 боло аз бемории қалб азият мекашанд. Сабаби афзоиш ёфтани ин беморӣ мушкилоти рӯзгор, стресс, ҳаводиси гуногуни зиндагиву фаъолияти рӯзмарраи мо мебошад. Ташвишҳои зиндагӣ

аз қабили таъмини оила, мушкилот дар ҷои кор, сину сол, ҷамъият, дастовардҳои илму техника, тарбияи фарзандон ва ғайра инсони имрӯзаро доимо дар ҳолати ташвиш ва хавотирӣ нигоҳ медоранд. Ҳама ин мушкилоту хавотириҳо пеш аз ҳама ба дили мо таъсир мерасонад. Аксар вақт бемории дил оҳиста-оҳиста хуруҷ мекунад ва маҳз барои ҳамин муҳлати зиёде шахси бемор аз он бехабар мемонад. Одатан инсон аз бемор будани қалби хеш замоне огаҳ мешавад, ки аллакай барои бартараф намудани беморӣ коре кардан номумкин ва ё хеле душвор гардидааст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо сактаи дил аст. Одатан аз бемории дил ҳамчун аз «қотилони хомӯш» ном мебаранд, чунки бидуни ҳеҷ нишона хуруҷ намуда, инсонро яку якбора ба ҳолати вазнин гирифтор менамояд. Танҳо ташхиси дурусту аниқи саривақтӣ ба табибон имкон медиҳад, ки бидуни хатар ва таҳдид ба ҷони бемор табобати ӯро ба роҳ монанд. Дар ҳолати «кӯҳна» шудани касал бошад, бемор ба оқибатҳои сангину вазнин дучор мегардад, ки ба ҳаёти минбаъдаи ӯ таъсир мерасонад. Аммо агар инсон оиди нишонаҳои аввалини бемории қалб огаҳӣ пайдо намояд, ӯ метавонад сари вақт ба табиб муроҷиат карда, пеши роҳи хуруҷ намудани бемориро бигирад. Табибе, ки ба табобати беморони қалб машғул аст, кардиолог мебошад.

ӯ ба ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳои сактаи дил, инфаркт, бемории ишемикии дил ва ғайра машғул аст. Ба суоли эҳтимолии мову шумо оиди он, ки  чаро шахси солим бояд барои профилактика аз муоинаи кардиолог гузарад, табиби варзидаи Бемористони Ибни Сино мутахассиси бемориҳои қалб Нуъмонова Мунира Муҳаммадҷоновна посух медиҳад.

- Ҳатто агар шуморо боре дарди дил ташвиш надода бошад ҳам, мо ба шумо тавсия медиҳем, ки барои пешгирӣ намудан аз ин навъ бемориҳо соле як маротиба аз муоинаи духтур гузаред.

Табиб ба шумо супоридани намунаи хунатонро барои ташхиси меъёри қанд, тахшиси биохимики хун, ташхиси холестерин, тести варзишӣ ва эхокардиограмма мефармояд. Метавонам илова намоям, ки бахши кардиологии Бемористони Ибни Сино бо ҳама таҷҳизоти зарурии замонавӣ, ки барои гузоштани ташхиси аниқ мусоидат менамояд, таъмин гардидааст ва мутахассисони варзидаи хориҷиву тоҷик дар муҳлати кӯтоҳтарин ба дарди шумо даво мебахшанд. Ҳамчунин таъкид месозем, ки агар шумо аллакай гирифтори бемории қалб бошед, пас бояд дар муоинаи навбатӣ аз кардиологи худ муайян намоед, ки сари ҳар чанд вақт бояд ба наздаш биравед. Эҳтимол нафароне, ки сиҳатанд, суол кунанд, ки вақте ман сиҳатаму маро дарде азият намедиҳад, чаро бояд ба табиб муроҷиат намоям? Ҷавоб медиҳем, ки бо гузашти сол омилҳои хатари тавлид ёфтани бемории қалб хеле зиёд мешаванд.

- Инҳо чӣ гуна омилҳоянд?

- Асосан ин омилҳо ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд: якум омилҳоеанд, ки новобаста аз моянд ва мо наметавонем ба будан ё набудани онҳо таъсир расонем. Ба омилҳои гуруҳи аввал сину сол, ирсият ва ҷинсият тааллуқ доранд. Омилҳои гуруҳи дуввум бошанд, одатҳои зиёновари мо аз қабили сигоркашию арақнӯшӣ, ҳамчунин стресс, вазни зиёдатӣ ва ғизои носолим мебошанд. Баъди чилсолагӣ дар натиҷаи камҳаракатӣ ҳама ин дар якҷоягӣ аз худ дарак медиҳанд. Хатари бавуҷуд омадани бемории дил дар ин сину сол афзоиш меёбад.

- Дар ҳолате, ки мутахассисон ба мардони аз чилсола боло маслиҳат медиҳанд, ки аз назорати кардиолог гузаранд, мо метавонем бо боварии том гӯем, ки ҷавонон аз бемории дил азият намекашанд, албатта агар ин беморӣ модарзодӣ набошад?

- Сарчашмаи БИД (бемории ишемикии дил) атеросклерози раги шараён мебошад. Солҳои охир ин беморӣ ҷавон шудаасту имрӯзҳо ҷавонони зиёдеро мутаассифона гирифтори бемории қалб мебинем. Аммо ин ҷо мо наметавонем аз як омил ҳамчун сабабгори асосӣ ном бубарем, чунки ба ин чиз омилҳои зиёди бо ҳамдигар алоқаманд сабаб шуда метавонанд. Ҳам ирсият, ҳам холестерини аз меъёр зиёд, ҳам фишорбаландӣ. Мутаассифона имрӯзҳо сафи навзодони гирифтори норасоии қалб хеле зиёд шудаанд. Масалан ҳафтаи гузашта ҷавони 22-солаеро бо сактаи дил оварданд ва дар Бемористони мо мутахассисони бемориҳои дил тавонистанд ба таври профессионалӣ ба ҷавон кӯмак намоянду  хушбахтона мо тавонистем ӯро наҷот доҳем.

- Дар кадом маврид инсон бояд пеш аз ҳама ба кардиолог муроҷиат намояд?

- Дар вақти сар задани дард дар қисмати қафаси сина бояд мо пеш аз ҳама кори дилро санҷида бароем. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки дил дар тарафи чап аст ва танҳо дар вақти сар задани дард дар тарафи чапи қафаси сина ба духтури дил муроҷиат менамоянд. Дар ҳоле, ки дили инсон дар қафаси сина ҷой гирифта, як қисмати он дар тарафи рост низ ҷойгир аст. Аз ҳама ҷониб дилро шушҳо иҳота кардаанд. Одамони зиёде вақте дилашон ба дард меояд, фикр мекунанд, ки ин меъда, шушҳо ва ғайра аст ва ҳеҷ ба гӯшаи хаёлашон чунин эҳтимолиятро роҳ намедиҳанд, ки ин метавонад бемории дил бошад.

Дар ҳоле, ки мо хеле хуб медонем, ки дар мавриди бемориҳои қалбӣ вақт барои мо ниҳоят муҳим аст аст ва мо ҳуқуқ надорем онро беҳуда аз даст диҳем, чунки

аз даст додани он метавонад моро бо оқибатҳои хеле ҳам сангин рӯ ба рӯ намояд. Маҳз барои ҳамин нишонаи аввалини бемории дил ин дард дар қафаси сина аст, ки ба шумо бонг мезанад, ки қалбатон бемор аст. Бори дигар ба шумо хотиррасон менамоем, ки кадом вақт бояд таъҷилан ба кардиолог муроҷиат намоед:

Дар ҳолати дард дар қисмати қафаси сина, пушт ва зери шона, ки одатан вақти ҳаракати зиёди ҷисмонӣ афзоиш меёбад;

  • Тапиши зуд-зуд ё баръакс, оҳиста-оҳистаи дил;
  • Эҳсоси нохуб дар қафаси сина;
  • Нафастангӣ;
  • Эҳсоси норасоии ҳаво;
  • Фишорбаландӣ.

Маҳз барои ҳамин мутахассисони Ибни Сино ба шумо маслиҳат медиҳанд, ки ҳатман дар як сол як маротиба аз муоинаи духтури кардиолог гузаред, ки ин кор ҳамагӣ як соат вақти шуморо мегирад. Дар ҳолати муайян намудани ягон беморӣ мутахассисони варзидаи мо бемории шуморо ба таври профессионалӣ ва бидуни амали ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Бинобар ин хуб аст, ки ноҳаросида сари вақт ба духтур муроҷиат намоеду бемориро пешгирӣ кунед. Чӣ гуна, ки мегӯянд, «Пешгирӣ аз табобат дида осонтар аст». Мо вазифадорем, ки аз қалбамон парасторӣ кунем.  

 

 

 

 

ФОТО