БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ ИБНИ СИНО: ИСОМАДИНОВ ХАЙРУЛЛО

    Хайрулло Исомадинов ҷарроҳи моҳиру тавонои дилу рагҳо (кардиохирург) ва табиби хушмуомилаи Бемористони Ибни Сино тӯли бист соли фаъолияташ садҳо нафарро ҷарроҳӣ карда ва умри дубора бахшидааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ ИБНИ СИНО: САТТОРОВ ОРИФҶОН!

    Пизишке, ки сарсупурдаи кори худ аст ва мешавад ба ӯ пурра эътимод кард. Хуб медонад дар лаҳзаҳои душвор беморро чи гуна рӯҳбаланд кунаду хешовандонашро таскин бахшад. Маъмулан, одамон ба табибони миёнсол эътимоди бештар доранд, аммо бо садоқат ба кори худ, дониши қавӣ ва муомилаву рафтори махсус бо ҳар бемор, ӯ тавонистааст дар синни ҷавонӣ ин эътимодро ба даст оварад.

     
  • СИНДРОМИ ХАСТАГИИ МУЗМИН

    Кардиологи бемористон,

    доктор Мусоева Марҷона.

     

    Хастагии зиёд ва заъфи умумӣ аз шикоятҳоеянд, ки мардум ба пизишкони гуногун муроҷиат мекунанд. Теъдоди зиёде аз мардум ҳам бо ин ки хастагии музмин доранд, ба табибон муроҷиат намекунанд. Вазъи онҳо одатан баъди истироҳати кофӣ беҳбуд меёбад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Томографияи компютерӣ

      Томографияи компютерӣ усули нави муоинаи тиббӣ мебошад, ки барои муайян намудани хурдтарин ҷузъиёти узвҳои дохилӣ ва сохту таркиби он тавассути нурҳои рентгенӣ истифода бурда мешавад.

Дар ҷараёни он бемор ба кати махсуси ба сканери томография насб карда шуда, ки дастгоҳи калонхаҷм буда, намуди доираро дорад, хобонида мешавад.

Бо тоб хӯрдани худ сканер аз худ нурҳои рентгенӣ хориҷ мекунад, ки аз бадани бемор гузар мекунад. Ҳар як гардиш камтар аз як сония вақтро фаро мегирад ва дар экрани компютер бошад, шакли буридашудаи узви таҳқиқшаванда пайдо мешавад.

Барои он, ки акс боз ҳам равшантару аниқтар бошад, дар томографияи компютерӣ одатан аз воситаҳои контрастӣ истифода мебаранд. Он барои муоина ва муайян намудани омос (опухоль) ва дигар бемориҳо истифода бурда мешавад.

Дар ин ҳолат он ба раги варид (вена) дохил карда мешавад, дар ҳолатҳои дигар бемор бояд онро бинӯшад. Сипас пеш ва баъд аз муоина аз он аксбардорӣ карда мешавад.

Томографияи компютерӣ аслан барои муоинаи ҳама намуди бемориҳо ва ё узвҳо истифода бурда мешавад: қафаси сина, устухонҳои кос, маҳватаи шикам (брюшная полость), дасту пой, гурда, рӯда, ҷигар, масона, дил, шуш, рагҳои хунгузар, устухонҳо ва сутунмӯҳра аз ҳамин қабил мебошанд.

ФОТО