Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Феҳристи хидматрасониҳои тиббӣ ва нархи онҳо

Хабар

  • ҶАРРОҲИИ МАҒЗУ АЪСОБ ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО!

    Ҷарроҳии мағзу аъсоб дар Бемористони Ибни Сино, ба шакли як бахши алоҳида ба роҳ монда шудааст. Ин бахши бемористон, бахши нисбатан ҷадид буда, аз моҳи сентябри соли 2013 ба фаъолияти худ оғоз намуд.

     
  • ИРОАИ КИТОБИ "ҲАЗОРВОЖАИ ЧАҲОРЗАБОНАИ ПИЗИШКӢ"

    Ҳар кас ба забони худ забондон гардад,

    Донистани сад забон осон гардад.

    Рӯзи 15.09.2017 дар Бемористони Ибни Сино ироаи китоби "Ҳазорвожаи Чаҳорзабонаи Пизишкӣ" пешкаши ҳаводорони илму адаб гардид. Ин китоб аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва дастгирии молии Бемористони Ибни Сино ба чоп расид.

     
  • АТЕРОСКЛЕРОЗИ РАГҲОИ МАҒЗИ САР

    Атеросклерози рагҳои мағзи  сар бемории паҳнгашта буда, асосан пардаи дохилии рагҳои хунгарди мағзи сарро иллатдор мекунад. Дар гирди пилокҳои атеросклеротикӣ бофтаи пайвасткунанда бузург мегардад ва намаки калтсий дар девораҳои раг ҷамъ мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Эзоҳ:

Нархҳо бо сомони нишон дода шудаанд
Дар сурати тағйири нархи хидматрасонӣ ва ҳамчунин ворид ё хориҷ кардани навъе аз хидматрасониҳо ба ин феҳрист, он метавонад таҷдиди назар шавад. Дар ин ҳол ба феҳрист ислоҳоти лозим ворид карда мешавад. Нархи хидматрасонӣ дар ин нархнома барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст, шаҳрвандони кишварҳои дигар аз нархҳои нишондодашуда 20% бештар пардохт мекунанд.
Нархи ҷарроҳиҳо барои бемории маъмулӣ ҳисоб карда шудааст.Бо назардошти мураккабӣ ва мушкилии ҷарроҳӣ нархи он ба таври инфиродӣ муайян карда мешавад.
Муолиҷаи аворизи беморӣ ва тахти хоби илова бар муҳлати маъмулӣ ба таври изофӣ пардохт карда мешавад.

ФОТО