БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

      Унвони аслӣ

     

    Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

     

    Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

     Унвони кӯтоҳ.

    Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тавсияҳои мо

7 омили гирифтории фишорбаландӣ ё ба кӣ бештар фишорбаландӣ таҳдид мекунад

  Тибқи маълумоти мавҷуда ҳар панҷумин сокини сайёра гирфтори бемории фишорбаландӣ мегардад. Танҳо дар Русия шумораи умумии гирифторони фишорбаландӣ ба 22,4 миллион нафар мерасад. Агар фишорбаландӣ дар вақташ ташхис ва табобат карда нашавад, он боиси бемории сактаи дил, (инфаркт), сактаи мағзӣ (инсулт), норасогии гурдаҳо ва бемории рагҳои бадан мегардад. Омилҳои асосии гирифтори

фишорбаландӣ инҳоянд:

Омили 1. Ирсият

Дар ҳолати боло рафтани фишорбаландии раги шараёнӣ нақши ин омил муҳим арзёби мегардад. Хусусан агар волидайни Шумо гирифтори ин беморӣ бошанд. Агар ду ва ё се наздикони Шумо гирифтори бемории фишорбаландӣ бошанд, пас ба Шумо низ ин хавф таҳдид менамояд.

Маслиҳати мо:

Мунтазам аз фишори хуни худ бохабар бошед. Дар ҳолати боло рафтани фишор сари вақт ба табибон муроҷиат намоед.

Омили 2. Ҷинсият

Мардон бештар гирифтори ин беморӣ мегарданд. Гармонҳои ҷинсии мард боиси баландшавии фишори шараён мегарданд (хусусан дар сину соли 35-50 солагӣ). Бо мурури замон мизони гирифтории фишорбаландӣ байни марду зан баробар мешавад. Баъди расидани менопаузаи низоми муҳофизатии гармонии рагу қалб дар занҳо ба нестӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Маслиҳати мо:

Дар арафаи 40 солагӣ ба саломатии худ диқкати бештар диҳед. Ба занон тавсия дода мешавад, ки ба эндокринолог муроҷиат намоянд ва дар холати зарурӣ маҳсулоти ивазкунандаи гармон истеъмол намоянд.

Омили 3. Камҳаракатӣ

Мутахассисон муайян намудаанд, ки шахсони чунин тарзи ҳаётро пеша намуда (камҳаракатӣ) 20-50% бештар гирифтори фишорбаландӣ мешаванд.  Аммо онҳое, ки ба фаъолияти меҳнатӣ ё варзиш машғуланд, камтар ба фишорбаландӣ дучор мешаванд. Машқҳои мунтазами варзишӣ ба фаъолшавии рагҳои хунгузар, камшавии  вазни зиёдатӣ ва қанд дар таркиби хуни шумо мусоидат мекунад.

Маслиҳати мо:

Ҳамарӯза ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шавед. Кам-кам сайру гашт намоед. Агар ба варзиш машғул мешавед, пас машқҳоеро интихоб намоед, ки узвҳои нафаскашии шуморо фаъол гардонад. Масалан шиноварӣ, лижаронӣ аз хамин қабил аст. Лекин ҳушёр бояд шуд, зеро машқи зиёд низ ба шумо зӯрӣ мекунад. Беҳтараш кам-кам (дар ҳаҷми 30 дақиқа) ба варзиш машғул шавед ва оҳиста-оҳиста вақтро илова кунед.

Омили 4-ум. Зиёдшавии натрий (намаки ошӣ) дар ғизо

Зиёдшавии намаки ошӣ ба басташавии моеъи организми инсон ва варами аъзои бадан оварда мерасонад, ки дар натиҷа аз он рагҳои хунгузар  низ зарар мебинанд.

Маслиҳати мо:

Миқдори намакро ба хадди 5 грамм (1 қошуқи чойнӯшӣ) дар як рӯз кам намоед. Ҳамчунин шумо бояд дар хотир дошта бошед, ки бисёр маҳсулот аз қабили ҳасиб, панир, маҳсулоти дудпаз, консерваҳо майонез ва ғ. дар таркиби худ намаки зиёд доранд. Онҳоро бояд бо маҳсулоти полезӣ иваз кард.

Омили 5-ум. Асабоният. Фишори рӯҳӣ.

Гармонҳои асаб - адреналин дили инсонро маҷбур мекунанд, ки бештар кор кунад. Дар натиҷа  хун аз миқдори лозима дида, бештар кашида мешавад.  Агар ҳолати асабонии инсон дер давом кунад, он сабаби  харобшавии рагҳои хунгузар мешавад.

Маслиҳати мо:

Шумо бояд эҳсосоти худро идора карда тавонед. Бо мушкилиҳо назаратонро дигар намоед, чунки ба хар ҳодиса ҳам аз нигоҳи манфӣ ва хам аз нигоҳи мусбӣ  метавон нигоҳ кард. Ба қадри имконоти доштаатон кор кунед. Касоне, ки дар як ҳафта зиёда аз 41 соати худро ба кор сарф менамоянд, пас мизони гирифториашон ба фишорбаландӣ 5% зиёд мешавад.

Бояд ҳар як шахс  ҳолати рӯҳии худро идора карда тавонад. Дуруст нафас кашед. На он қадар чуқур нафас мегирем  (мешуморем 1) ва онро берун мекунем (мешуморем 1,2,3). Яъне нафас баровардан аз нафас гирифтан бояд дарозтар бошад. Ҳангоми нафас гирифтан шиками худро ба пеш мебарорем ва ҳангоми нафасро берун кардан онро онро ба дарун мекашем. Чунин тарзи нафаскашӣ ҳолати хунгардиши шуш ва дилро мӯътадил мегардонад ва рӯҳафтодагиро бартараф мекунад.

Омили 6-ум. Бисёрвазнӣ, фарбеҳӣ.

Дар шахсони вазнашон аз меъёр зиёд буда, гардиши равған вайрон мешавад, рагҳо чандирии худро гум мекунанд. Ин ҳолат ба мисли зангзанӣ ба дарди артерияҳо оварда мерасонад. Дар ин ҳолат (бисёрвазнӣ) хавфи гирифтории фишорбаландӣ 6% зиёд мешавад ва хар 500 грамм вазни зиёдатӣ фишори шараёнро як фоиз зиёд мекунад.

Маслиҳати мо:

Аз вазни худ бохабар бошед. Тавсияи беҳтарин : ба фаъолияти ҷисмонӣ ва обу тоби бадан машғул шавед. Хӯроки калорийнокро камтар истеъмол намоед ва баъзан парҳез кунед.

Тавсия: саҳаргоҳон 20-25% -и хӯроки якрӯза, нисфирӯзӣ 50-60% ва шомгоҳон 15-20 %-и онро истеъмол кунед. Кӯшиш намоед, ки дар як рӯз 4 маротиба ва дар вақтҳои муайян хӯрок истеъмол намоед. Хӯроки шабона набояд на камтар пеш аз ду соати хоб иътемол карда шавад.

Бо мурури замон аз истеъмоли  равғани растанӣ, ҳасиб, панир, сметана ва моҳӣ  худдорӣ кунед ва ба ҷои онҳо меваю сабзавот истеъмол намоед.

Омили 7-ум. Истеъмоли машрубот ва сигор

Истеъмоли ҳамарӯзаи нӯшокиҳои спиртӣ фишори хунро дар 1 сол 5-6 мм.рт.см зиёд мекунад. Таркиби дуди сигор бошад замони ба хун дохил шудан ба ихтилоҷи (спазм) рагҳо оварда мерасонад. Ҳамчунин дар шахсони сигоркаш норасоии ҳавои оксигении мағзи сар мушоҳида мешавад.

Маслиҳати мо:

Дар ҳолати боло рафтани фишоратон ба шумо танҳо нӯшидани 60 мг. (!) нӯшокии спиртӣ (ё 200 грамм вино) дар як ҳафта иҷозат дода мешавад. Аз сигоркашӣ бошад умуман даст бояд кашид, чунки тамоми намуди сигор ба саломатӣ зарар дорад.

Нишонаҳои фишорбаландӣ:

  • Чарх задании сар
  • Дардҳои мунтазами сар
  • Суст шудани набзи дил
  • Сурхшавии рӯй
  • Бисёр арақ кардан
  • Ҳис намудани набз дар сар
  • Хароб шудани хотираи шахс
  • Ларза
  • Варам ва омоси рӯй дар саҳаргоҳон.
  • Сиёҳии пеши чашм.

Тавсия:

Агар шумо дар худ ақаллан 2 омили дар боло зикргардидаро мушоҳида намудед, пас бояд ба барқарор намудани саломатиатон даррав шурӯъ намоед. Мунтазам фишори худро бисанҷед ва муайян  кунед, ки то чӣ андоза аз меъёрҳои муқаррарӣ фарқ дорад.

Меъёри муқаррарии фишори хун вобаста ба синну сол:

 

Синну сол

Фишори шараён (мм.рт.см.)

аз 16  то 20 сола

100/70-120/80

аз 20 то 40 сола

120/70-130/80

аз 40  то 60 сола

то 135/85

аз 60 сола боло

то 140/90

ФОТО