Тавсияҳои мо
Агар сатҳи холестерини хуни шумо аз меъёр боло бошад
Бо анҷоми тавсияҳои беҳдошти саломатии худро ҳифз кунед.
Вақте, ки холестерини хуни шумо аз меъёр болост, яъне LDL ё холестерини бади шумо болост ва ин маънояш ин аст, ки рагҳои бадани Шумо дар хатари баста шудан бо лахтаҳои (плагҳои) сахтии шараён(атеросклероз) ҳастанд.
Барои поён овардани холестерини бад ё зараровар шуморо лозим аст, ки амалҳои зеринро анҷом диҳед:
- Вазни худро контрол кунед.
- Доруҳои поёноварандаи чарбу ба хусус аторвастатин, разовостатин, симвастатинро масраф кунед (бо тавсияи пизишк).
- Аз масрафи ғизоҳои пурхолестерин (зардаи тухми мурғ, пӯсти мурғ, майонез, сосиска, ҳасиб (колбаса), картошкаи бирён, чарбуи гӯшт, қаймоқ, сметана, маска, ҷурғот ва шири пурчарб, калаю почав а хурокҳои серравған худдорӣ кунед.
- Дар ҳафта 4-5 маротиба моҳӣ, протеинҳои гиёҳӣ (лӯбиёи сурх, наск, нахӯд) истеъмол кунед.
- Дар сурати имкон 5 маротиба кабудӣ, сабзавот ва меваи тоза ё оби мева истеъмол кунед.
- Аз истеъмоли хӯрокҳое, к ибо канди холис таҳия мешаванд (яхмос, мураббо, шоколад) худдорӣ кунед.
- Сатҳи LDL –хуни худро 1,8 mmol ё 70 мg/dl нигоҳ доред. Дар сурати диабети қанд (ДК) бояд қанди худро 5 mmol ва нас-ро 6,5 нигоҳ доред.
- То ҳадди имкон фаъолияти ҷисмонӣ ва варзиш кунед (бо тавсияи пизишк).
Бо орзуи саломатии Шумо Бемористони Ибни Сино!