БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Алӣ Оҳаниён –имконоти Бемористони Ибни Сино бо марказҳои илмии Эрон баробар аст

  27-07-2013 Алӣ Оҳаниён –эндоурологи эронӣ, ки таи як ҳафтаи охир дар Бемористони Ибни Сино ба муоина ва табобати беморон машгул буд, мегӯяд: «Бемористони Ибни Сино ба талаботи имрӯзаи замони муосир ҷавобгӯ аст!». Тавре , ки ӯ зикр намуд: «Ман қабл фикр намекардам, ки дар кишвари шумо тиб чунин рушд карда бошад.

Муфассал...

Алӣ Оҳаниён дар Бемористони Ибни Сино

 25-07-2013  Дар Бемористони Ибни Сино эндоурологи эронӣ Алӣ Оҳаниён ба фаъолият шурӯъ намуд. Беморони гурда ва роҳҳои пешоб метавонанд барои қабул ва табобат ба Бемористони Ибни Сино муроҷиат намоянд.

Нейрохирург Бахтиёри Аббос аз 21 июл ба қабули беморон шурӯъ мекунад

17-07-2013 Шурӯъ аз 21-уми июл  дар Бемористони Ибни Сино мутахассиси варзидаи эронӣ, нейрохирург- Бахтиёри Аббос ба табобати беморони асаб, сутунмӯҳра ва чурраи сутунмӯҳра машғул мешавад. Қобили зикр аст, ки рӯз то рӯз таваҷҷӯҳи сокинони кишвар ба ин бахши бемористон зиёд мегардад ва теъдоди муроҷиаткунандагон низ афзун гардида истодааст.Ниёзмандон  метавонанд, барои қабул худро қаблан дар Бемористони Ибни Сино номнавис кунанд.

Чаро аз нӯшокиҳои спиртӣ бояд даст кашид?

  Коршиносони аврупоӣ дар ҳамбастагӣ бо олимони математика гузорише таҳия намудаанд, ки дар он бо такя ба далелҳои илмӣ аз меъёр зиёд истифодабарии нӯшокиҳои спиртиро хатари асосӣ ба саломатии инсон арзёбӣ намудаанд. Дар ин зимн замон ва андоза нақши муҳим мебозанд

Муфассал...

Доктор Сомӣ: Дармонҳои ҷадиди норасоии қалбӣ дар Бемористони Ибни Сино

  16-07-2013   Дар мавриде, ки дил дучори норасоӣ мешавад, сабаб одатан бемории рагҳои дил ё даричаҳо (клапанҳо) ва ё бемории мушаки дил аст. Вақте сабаби беморӣ иллатёбии рагҳои дил бошад, дармони рагҳо  бо усули ангиопластӣ ё ҷарроҳӣ анҷом мегирад.Дар мавриди иллатёбии даричаҳо низ дар сурати зарурат таъмири дарича ё ивази он сурат мегирад.

Муфассал...

ФОТО

 

ВИДЕО