БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Анжиопластӣ равиши камзахми тармими рагҳои дил

Кардиологи Бемористони Ибни Сино,

доктор Сатторов Ориф.

 

Анжиопластӣ равиши камзахми тармими рагҳои дил буда, имрӯз дар табобати бемориҳои дил ҳамчун "меъёри тиллоӣ" унвон шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дил кулли баданро бо хуни аз оксижен ғанӣ таъмин мекунад.

Аммо худи дил низ ниёз ба хун дорад ва дар ҳолати таъмини нокофӣ  камбуди оксижен пайдо мекунад ва дар натиҷа кори он халалдор мегардад.

Дар бештари маворид сабаби ин ҳолат тангшавии рагҳои хунгард мебошад. Рагҳои хунгард  бо сабаби таҳшин шудани  чарбуҳо  лахтаҳои хунӣ  ба вуҷуд меоранд. Тангии раг торафт бештар шуда ва вақте ба як меъёри муайян мерасад, аломатҳои норасоии рагҳои коронарӣ баръало мешаванд. Аммо агар ин тангӣ ба 90 дарсад бирасад, он гоҳ ба ҳаёти инсон хатар эҷод мекунад.

Маҳз барои бартараф кардани ин мушкил пизишкор аз равиши дармонии анжиопластӣ кор мегиранд.

Анжиопластӣ барои табобати бемории ишемикии дил бисёр муфид буда, имкон медиҳад, ки маҷрои меъёрии раги коронарӣ барқарор шавад.

Усули мазкур бо истифода аз василаҳои махсуси як бор масраф, найчаҳо,  баллонҳо, стентҳо, амалӣ мегардад.  Катетер тавассути гузоштани найчаи хурд ба раг ба бадани бемор ворид карда мешавад. Барои дидани ҳаракати катетер табибон аз дастгоҳи анжиографӣ истифода мебаранд.  Ҳангоми ин амал, табибон ба воситаи катетер ба рагҳои дил маводи рангдиҳанда тазриқ мекунанд ва  ҳолати рагҳои дилро месанҷанд. Дар ҳолати муайян шудани тангӣ, стент ё баллон ба он раг ворид карда мешавад ва дар мавзеъи тангӣ бо фишори муайян боз мегардад. Ба ҳамин тарз тангии раг ба пуррагӣ бартараф мешавад.

Анжиопластӣ дар аксари мавридҳо усули асосӣ ва ягонаи табобати бемории ишемикии дил ба шумор меравад.  Мақсади асосии анжиопластӣ барқарорсозии шараёнҳои танг ё басташуда бо роҳи гузоштани стент мебошад.

Анжиопластиро на танҳо барои муолиҷаи бемории ишемикии дил, балки  барои табобати тангии шараёнҳои дасту пой, мушкили шараёни каротид,  рагҳои гардан, мағзи сар ва тангии шараёни гурда истифода мебаранд. Анжиопластии коронариро барои пешгирӣ аз сактаи дил ва барои наҷот додани мушаки он анҷом медиҳанд.

Пеш аз гузарондани анжиопластӣ, беморон аз муоинаи ташхисӣ, ки аз таҳлили хун, СБД, ЭХОКГ ва ғайраро дар бар мегирад, мегузаранд. Ҳамчунин баъзе омодагиҳои дигар зери назари мутахассис сурат  мегирад.

Анжиопластӣ дар бештари мавридҳо натиҷаи хуб медиҳад ва беморон низ баъди  он дар зарфи аз 1 то 3 рӯз ба зиндагии маъмулиашон бармегарданд.

Кафолати пурра барқароршавии  саломатии бемор ба худи ӯ ҳам вобаста  аст.

Аз маризон хоҳиш мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои  беморӣ ба мисли  нафастангии шадид, дард дар қафаси сина бо интишор ба самти чап ва дастҳо, шонаҳо, ҷоғи поён ва гоҳан дар мавзеи шикам фавран  ба мутахассис муроҷиат кунанд.

Бештари бемориҳо  ба мисли  бемории қанд, атеросклероз, фарбеҳӣ,  алоими метаболик , бемориҳои хун ва ирсӣ низ хусусияти  тангшавии рагҳои хунгардро  доранд. Бино бар ин афроди гирифтори ин бемориҳо бо мақсади пешгирӣ бояд зери назорати  пизишкон қарор бигиранд ва дар сурати лозим аз  ташхиси анжиографӣ  ва амали анжиопластӣ гузаранд.

https://youtu.be/jbbJRgbMM3E

ФОТО

 

ВИДЕО