БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

РӮДАИ СОЛИМ ВА НАҚШИ ОН ДАР САЛОМАТӢ!

Рӯдаи инсон саршор аз боктириҳо аст ва ин боктириҳоро боктириҳои муфид меноманд. Яке аз асилтарин хадамоте, ки боктириҳои рӯда ироъа мекунанд, синтез кардани маводи мағзии ғизоӣ аст, ки инсон мехӯрад. Вақте мавзӯъи ҷазби мапводи мағзи пеш меояд, чизе ки мехуред зиёд нақш надорад.

Муҳим ин аст, ки баданатон чи қадар хуб метавонад маводи мағзии заруриро аз ғизои истеъмолкардаатон ҷазб кунад. Ҳамин тариқ агар ҳатто чизи солим ва бе айбу нуқс ҳам бихуред, боз мумкин аст дучори суъи тағзия шавед.

Аммо роҳҳое вуҷуд доранд, ки мешавад бо кумаки онҳо рӯдаро тақвият дод ва мизони ҷазби ғизо ва мукаммалҳоеро, ки мехӯред боло бурд. Ҳоло мо чанд равишро бароятон муаррифӣ мекунем.

1.Давраи пур кардани рӯда бо бифидобактериҳо: Рӯдаи одамӣ трилиюнҳо боктерӣ дорад ва бисёре аз ин боктериҳо сахт кор мекунанд, то бисёре аз фарояндҳои баданиро ҳимоят кунанд ва ин фарояндҳо шомили гувориш низ мешаванд. Ин боктириҳои муфид - бифидобоктерӣ ном доранд. Бифидобоктериҳо на танҳо ғизоро ҳал карда ба аҷзои хурд табдил медиҳанд, ки бадан битавонад онро ҷазб кунад, балки онземҳое тавлид мекунанд, ки гувориш ва ҷазбро беҳбуд мебахшад. Барои мисол: бархе бифидобоктериҳо лактоза тавлид мекунанд. Ин лактоза ба афроде, ки мушкили адами таҳаммули лактоз доранд кумак мекунад, лактозро ҳазм кунад.

Ба таври муъҷизаосое микробҳои рӯда ҳудуди як саввуми витоминҳо ва маводи шимиёии баданро таъмин мекунанд. Бинобар ин, агар мехоҳед тавоноии ҷазби баданатонро тақвият кунед, бояд саъй кунед то ҷое метавонед мизони ин боктериҳои муфидро дар рӯда афзоиш диҳед. Барои дарёфти бештари бифидобоктериҳо метавнед аз қаймоқ (мост), кефир ва ғизоҳои тахмиршуда, истифода кунед.

2. Пардаи (ҳисори) рӯдаро ҳимоят кунед: Парда ё ҳисори рӯда, монанди як ҷудокунанда байни ҷараёни хун ва муҳити хориҷӣ амал мекунад. Қисмати шигифтангез онҷост, ки ин парда ё ҳисор қобилияти интихоб дорад, яъне иҷоза медиҳад маводи мағзӣ ворид шавад ва заҳрҳо, онтиженҳо ва ботериҳои бадро берун нигаҳ медорад.

Бо ин ҳол, агар парда ё ҳисори рӯда хуб кор накунад, бадан наметавонад ба андозаи кофӣ маводи зарурӣ ҷазб кунад ва дар натиҷа боиси бурузи масоиле, чун ҳассосият ва дигар мушкилоти эманӣ мегардад. Истеъмоли ғизоҳои саршор аз глютомин (монанди асораи устухон) афзоиши ҷаззобияти баданро боло бурда ба ҳифзи якпорчагии парда ё ҳисори рӯда кумак мекунанд. Истеъмоли ғизоҳои саршор аз бифидобоктериҳо низ дар қатори тақвияти гувориш, инчунин парда ё ҳисори меъдаро низ кумак хоҳад кард.

3. Интихоби дурусти ғизо: мутаасифона барномаҳои ғизоии мудерн бо чизҳое анбошта шудаанд, ки дуруст бар хилофи маводи мағзӣ аст. Ғизоҳои фароваришуда, қанд ва маводи афзудании маснуи таъсири бисёр баде рӯи саломатии рӯда гузошта, боктериҳои муфиди рӯда ва меъдаро заиф мекунад ва гоҳе ба кулли онҳоро аз байн мебарад. Илова бар ин, ғизоҳое, ки мо мехурем бисёр муҳим ҳастанд, ба тавре ки метавонанд як соат пас хурда шудан боъиси тағйир дар боктериҳои рӯда гарданд. Бо истифода аз ғизоҳои комил ва гиёҳӣ, витаминҳо, маводи маъданӣ ва чарбиҳои солим ва бифидоботериҳо метаонед ҳама чизро ду бора тағйир диҳед.

4. Баданатонро бо гуруснагӣ сайқал бидиҳед: Бар асоси таҳқиқотҳо, замони хурдан ҳам метавонад ба андозаи он чи мехуред, рӯи боктериҳои рӯда таъсир бигзорад. Метавонед бо танзими замонҳои ғизо хурдан ва ғизо нахурдан, таъсири мусбате рӯи боктериҳои рӯда бигзоред. Яке аз роҳҳои ин кор рӯза гирифтан аст. Рӯза ба микробҳои рӯда ва тамоми системи гувориши бадан, ки сахт кор мекунад, имкон медиҳад истироҳат кунанд ва комилан ҳама чизро тамиз кунанд. Ин замони истироҳат ҳамчунин ба фулурои рӯда фурсат медиҳад, рӯи вазоифи ғайр аз гувориш тамаркуз кунад.

Рӯза гирифтани рӯзона инчунин  парда ё ҳисори рӯдаро дар баробари боктериҳои муззир қавитар мегардонад.

5. Парҳез аз беъзе тамизкунандаҳои онтибактериол ва маҳсулоти шимиёӣ: Бисёре аз ҷанбаҳои зиндагии модернамон аз тамизкунадаҳои онтибактериол ва маҳсулоти шимиёӣ дар хона то офаткушҳо ва доруҳое, ки ағлаб истифода мекунем боиси аз байн рафтани боктериҳое хубе мешаванд, ки барои гувориш, ҷазби маводи мағзӣ ва саломатии кулли баданамон ба онҳо ниёз дорем. Барои мисол онтибактериҳо - ҳам дар доруҳо ва ҳам дар ғизоҳо метавонанд якбора ҳам боктериҳои муфид ва ҳам боктериҳои муззирро бо ҳам  нобуд кунанд ва боис шаванд рӯда фазои беморӣ ба худ бигирад ва натавонад ба дурустӣ корашро анҷом диҳад. Инчунин маҳсулоти онтибактериол (ки бештар дар тамизкунандаҳо ва маҳсулоти назофати (гигиенаи) шахсӣ истифода мешаванд) тавре тарроҳи шудаанд, ки тамоми боктериҳоро чи хуб ва чи бадро аз байн мебаранд. Ҳамин тариқ то ҷое метавонед аз доруҳои ғайризарурӣ ва маҳсулоти зидди боктерӣ дурӣ кунед.

6.Камтар истресс дошта бошед ва бештар лаззат бибаред: Ин як ҳақиқати ҷолиб аст, ки шароити системи асабии бадани одамӣ таъин мекунад, ки чи қадар хуб метавонем як ғизоро гувориш кунем. Ба иборати дигар, агар мураттаб дар ҳолати ҷанг ва гурез бошед, бадан худро омодаи аксуламали ҷиддӣ мекунад ва хеле аз амалкардҳое, ки барои бақо зиёд муҳим нестанд - монанди гувориш, кунд ё мутаввақиф хоҳанд шуд, то бадан битавонад рӯи чизҳои назири афзоиши зарабони қалб кор кунад. Мушкил ин аст, ки диман дучори истресс шудан, боиси ба ҳам рехтани кулли системи бадан мешавад (илова бар микробҳои рӯда). Дар натиҷа гувориш ва ҷазбит маводи мағзӣ низ дучори мушкил мегардад.

Хушбахтона метавонед ба сурати огоҳона бахши оромбахшии ситеми асабии худро фаъол кунед ва ба ҳолати истироҳат ва гувориш бирасед. Ин ҳолат ба озод шудани онзимҳои бисёр муҳим, ором шудани азалот ва ҳатто афзоиши боктериҳои солимтари рӯда мунҷар мегардад ва ба ҷазби маводи мағзии бештар кумак мекунад. Барои он, ки бадан ташвиқ шавад бештар дар ҳоли истироҳат ва гувориш боқӣ монад, худро даргири корҳое кунед, ки боиси оромиш ва шодиатон мешаванд. Ин корҳо метавонанд ҳар чизе бошанд, амсоли йога, варзиш ва ғ.      

ФОТО

 

ВИДЕО