БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

КӮТОҲИИ ҚАД

Эндокринологи бемористон,

Доктор Аббоси Тавакуллиён.

 

Ҳар чизе дар ин олам як таърифи хос ва меъёр, тарҳ ва нақшаи махсус дорад. Тақрибан ҳамаи кӯдакон, агар норас ва зудрас таваллуд нашаванд ва ё ба бемории генетикӣ гирифтор набошанд, ҳангоми таваллуд шудан қади онҳо тақрибан аз 47 см то 53 см ва бо таври мутаввасит 50 см хоҳад буд.

Ҳамаи кӯдакон дар як соли аввали пас аз таввалуд шудан, ҳудуди 25 см баландтар хоҳанд шуд. Кӯдакон дар соли дуввуми таввалуд ҳудуди 12,5 см қад хоҳанд кашид. Бинобар ин, як писарбача ва ё духтар ҳангоми 2 сола шудан (2 соли пурраи комил) қадаш байни 85 см то 90 см ва бо таври мутаввасит 87,4 см хоҳад буд. Пас аз 2 солагӣ миқдори рушди солонаи кӯдакон ҳудуди 5,5 см дар сол хоҳад монд. Бинобар он чи гуфта шуд, шумо метавонед меъёри маъмулии қади фарзанди худро то замоне, ки балоғати ҷинсиро оғоз накардааст, бо роҳатӣ ва бо диққати бисёр боло андоза гиред ва фаҳмед, ки кӯдаки шумо аз назари рушди қад ва қомат дар меъер аст ё на.

Ба унвони мисол, агар кӯдаки шумо 7 соли пурра дорад, бояд қади ҳудуди 115 см дошта бошад. Яъне 87,5 см барои 2 соли аввали умр, ва сипас 5,5 см дар сол, барои 5 соли баъд (то 7 сола), ки мешавад 27,5 см, ду адади 87,5 см ва 27,5 см ҷамъ мекунем, мешавад 115 см.

Агар кӯдаки шумо мисол 7 солу 8 моҳ синну сол дошта бошад, бояд барои ҳар моҳи изофа аз 7 сол 0,5 см изофа кунед. Ададе, ки бо ин формул ба даст меоваред, рақами миёна ё мутаввасити қади нормол (маъмул)барои он синни хос мебошад. Дар аксари вақтҳо, ададе, ки ба даст меоваред дақиқан ба андозаи қади фарзанди шумост. Аммо қади байни 112 см то 118 см ҳам барои кӯдаки шумо ҳанӯз нормол дар назар гирифта мешавад.

Ин тавсифҳо ба ин ҷиҳат аст, ки шумо қабл аз муроҷиат ба табиб, аввал меъёри миёнаи фарзанди худро ҳисоб кунед ва сипас қади фарзанди худро бо диққат андоза гиред. Агар қади андозашуда, бо қади ҳисобшуда комилан наздик бошад, маънии он ин мебошад, ки фарзанди шумо аз назари рушд солим аст ва ниёз ба муоинаи эндокринолог надорад.

Барои андозагирии қад, кӯдак пушт ба девор  меистад ва дақиқан ба девори рӯ ба рӯ нигоҳ мекунад. Пойҳо бояд канори ҳам ва пушти пойҳо,  шонаҳо ва паси сари кӯдак бояд ба девор часпида бошанд. Дар ин ҳолат як хаткашро рӯи фарқи сари кӯдак гузоред ва ба девори пушти сари кӯдак кунед, ба рӯи девор як нишона гузоред ва бо як ришта фосилаи аз замин то нишонаро андозагирӣ кунед. Ҷолиб аст, бидонед, ки қади духтарҳо ва писарҳо то қабл аз инкишофи ҷинсӣ як хел буда ва аз ин формулаи ягона пайравӣ мекунад. Пас аз инкишофи ҷинсӣ, суръати рушд дар писарҳо аз духтарҳо дида бештар мегардад.

Чанд нуктаи бисёр муҳим:

Ҳеч вақт қади фарзанди худро ба қаду қомати фарзандони хешу табор, авлод, ҳамсояҳо, ҳамсинфҳо муқоиса накунед. Ҳар фарзанд ба падар ва модари худ монанд мешавад ва қадаш пас аз инкишофи комил дар ҳудуди қади волидайн хоҳад буд. Бинобар ин, қади фарзанди худро бо формулаи, ки ба шумо гуфтем муқоиса кунед. Агар ба он адад, ки  ҳисоб кардаед, хеле тафовут дошт, ба табиби эндокринолог муроҷиат кунед.

30 % аз кулли бачаҳо бо таври генетикӣ аз бачаҳои ҳамсину соли худ каме хурдтаранд ва мумкин аст дар формулае, ки истифода мебаред, қадашон аз 1 см то 2 см фарқ кунад. Ташхиси ин гуна бачаҳо бо як нигоҳ бо акси сурати падар ва модари онҳо дар замони кӯдакӣ равшан мешавад. Ин навъ рушди таърихӣ ҳамеша генетикӣ буда, падар ё модар дар кӯдакӣ хурдтар аз ҳамсолон буда, аммо пас аз инкишофи болиғ қади онхо, бо мутавасити қади дигар одамҳои ҷомеъа наздик мешавад. Ташхиси ин намуд аз рушди оҳиста, аммо давомдор дар кӯдакон бисёр муҳим аст. Агар ин намуд аз таърихи рушд бо таври дақиқ ва аниқ ташхис нашавад, хароҷоти беҳуда ва ғайризарурӣ зиёд ба хонаводаи кӯдак таҳмил хохад шуд ва машаққатҳои бешумор барои онҳо ба бор хоҳад овард.

Барои ташхиси дақиқи иллати кӯтоҳии қад, муоина, шарҳи ҳоли ҳамаҷониба, радиографии панҷаи дасти чап барои муайян кардани  сини устухонӣ ва чанд озмоиши ҳормонии содда (TsH, GH ва IGF-1) кифоя аст. Озмоишҳои тазриқи озодшавии ҳормони рушд агар бо  L-DOPA анҷом дода шаванд, беҳтар аст, ки анҷом нашавад. Озмоишҳои дақиқтар, мисли истифода аз  GHRH ва аржичинини дохили раг дар Тоҷикистон мавҷуд намебошад. Бинобар ин, тамоми саъйи мо бояд бар ташхиси саҳеҳ аз рӯи муоина ва ҳамин чанд намуд озмоиш бошад.

Охирин ва муҳимтарин нукта он аст, ки истифодабари аз ҳормони рушд дар кӯдаке, ки озмоишоташ камбуди ҳормони рушдро нишон надиҳад, натанҳо ҳеҷ фоидае надорад, балки бисёр вақт хатарнок ҳам мебошад.

Барои хонаводаҳои муҳтарами тоҷик, ба хусус модарҳо, ки ҳамеша нигарони рушди фарзандони худ ҳастанд, як тавсияи бисёр гаронбаҳо дорам ва он ин аст, ки ҳамеша қабл аз истифодабарӣ аз доруҳои ҳормони рушди гаронқиммат, муддати 6 моҳ сабр кунанд ва қади фарзанди худро дар тӯли як 6 моҳи комил андозагирӣ кунанд. Агар миқдори рушди фарзанди шумо дар тӯли муддати 6 моҳ беш аз 2,5 см бошад, саромема барои шурӯъи дармон бо ҳормони рушд нашавед. Агар як сол сабр кардед, ва суръати рушди солонаи кӯдаки худро андоза гирифтед ва дидед ва мулоҳиза кардед, ки ӯ дар як соли комил, беш аз 5 см  рушд карда аст, бидонед тазриқи ҳормони рушд фоидаи зиёде нахоҳад дошт.

ФОТО

 

ВИДЕО