БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: КАРИМОВ МУҲИБУЛЛО

Агар ба барқарорсозии саломати худ ниёз доред, пас бояд ба назди мутахассиси физиотеропӣ биравед.

Физиотеропӣ шевае аз дармони бемориҳои асаб, мушаку сутунмӯҳра, буғумҳо, узвҳои нафас, ҳозима ва дигар узвҳои инсон аст, ки бо равиши бедард ва бо истифода аз таҷҳизоту дастгоҳҳои махсус ва тамриноти варзишӣ сурат мегирад.

Мутахассиси физиотеропӣ  кори пизишкону ҷарроҳонро бо равишҳои барқарорсозии худ такмил мекунад ва дар эҳёи саломати инсон пас аз табобат ва амалҳои ҷарроҳӣ кумак мекунад. Имрӯз арсаи тибро наметавон бидуни бахши физиотеропӣ мукаммал донист. Дар шароити имрӯз ҳар муассисаи тиббӣ, аз ҷумла Бемористони Ибни Сино ҳам ин бахши барқароркуниро бо беҳтарин шароит дорост.

Муҳибулло Каримов, мудири бахши физиотеропии Бемористони Ибни Сино бо 24 сол таҷрибаи корӣ дар заминаи физиотеропӣ ва дерматовенерологӣ мебошад.

Таҳсилоти олии худ дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро дар соли 1996 хатм намуда, ба муддати як сол пас аз донишгоҳ бо тахассуси дерматовенеролог давраи интернатураро гузарондааст. Баъди анҷоми ин давра ба муддати панҷ сол дар ноҳияи Фархор ҳамчун пизишки бемориҳои пӯст  (дерматовинеролог) фаъолият кард.

Аз соли 2002 то 2009 дар Бемористони марказии ҳарбии Тоҷикистон сараввал ба унвони пизишки пӯст ва баъдан ҳамчун мутахассиси физиотеропӣ кор кард. Аз соли 2003 то 2005 ординатураи клиникиро бо тахассуси табиатшифоӣ ва варзиши шифоии Донишкадаи такмили ихтисоси тибби Тоҷикистон гузаронд.

Аз соли 2016 то 2019 дар Маҷмааи Давлатии Истиқлол муовинати сардухтури бахши ташхис ва сипас мудирияти шуъбаи табиатшифоиро ба уҳда дошт. Аз моҳи июли соли 2019 ба ин сӯ дар бахши физиотеропии Бемористони Ибни Сино фаъолият мекунад.

Доктор Муҳибулло Каримов дар табобати фатқи (грыжа) сунутмуҳра, буғум, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, бемориҳои пӯст, дарди миён, рафъи бархе аз анвоъи фалаҷ, рехтани мӯй ва ғайра бо истифода аз равишҳое чун бухордармонӣ, дармон бо электрофарез, дармон бо равиши Дарсонвал, электромиостимулятсия, электронейростимулятсия ва масҳи бадан таҷрибаи зиёд дорад. 

Равиши дармонии физиотеропӣ барои ҳама, новобаста ба синну сол ва ҷинсият пешбинӣ шудааст. Аммо асосан барои:

маризони гирифтор ба бемориҳои шадид ё музмин; 

маризоне, ки давраи барқароршавии баъди ҷарроҳӣ ва ҷароҳатҳои гуногунро пушти сар мекунанд;

заноне, ки мехоҳанд модар шаванд ва давраи ҳомиладориашон осону бе мушкил ҷараён ёбад; 

заноне, ки гирифтор ба бемориҳои амрози занонаанд, пешбинӣ шудааст.  

Ғайр аз ин ба василаи физиотеропӣ бемориҳои остеохандроз, радикулит, артроз, узвҳои нафаскашӣ (ринит, синусит, бронхит), системи дилу раг, системи эндокринӣ, системи пешобгузар ва асаб, дастгоҳи гувориш, бемориҳои пӯст ва дигар бемориҳои хусусияти илтиҳобӣ ва ғайриилтиҳобӣ доштаро метавон табобат кард.

Рӯзҳои пазириши доктор Муҳибулло Каримов: душанбе то ҷумъа аз соати 8:30 то 16:30

Шанбе аз 8:30 то 12:00

ФОТО

 

ВИДЕО