БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

 

«Парастор будан танҳо шуғл нест, балки роҳу равишест, ки дар он бояд бо меҳру муҳаббати беандоза ва бо азхудгузаштагиву ҷонфидоӣ қадам ниҳод» - мегӯяд Дилором Муминова, сарпарастори Бемористони Ибни Сино.

Ӯ ҳудуди 20 соли умрашро дар нигоҳубин ва парасторӣ аз беморон гузаронда ва аз таскин бахшидан ба дарди ҳар беморе эҳсоси оромиш мекунад.

Дилором Мӯминова парастори дараҷаи олӣ буда, аз соли 1993 ба ин сӯ дар бемористонҳои кишвар фаъолият кардааст. Аз соли 1991 то 1993 дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе омӯзиш дид.

Аввалин фаъолияти худро дар соли 1993 дар Зоишгоҳи шумораи 2 дар ин шаҳр шуруъ кард ва ба муддати панҷ сол дар ин зоишгоҳ аз модарон ва кӯдакони навзоди онҳо муроқибат мекард. Соли 2014 ихтисоси худро такмил карда ва соли 2018 соҳиби тахассуси дараҷаи олӣ шудааст.

Дар соли 2018 фаъолияти худро дар Маҷмааи тандурустии Истиқлол ва сипас дар Маркази миллии ҷумҳуриявии Қарияи Боло идома дод. Аз соли 2019 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино ҳамчун сарпарастор кору фаъолият мекунад.

ФОТО

 

ВИДЕО