БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Бори нахуст дар Тоҷикистон! Боз дар Бемористони Ибни Сино як амали нодири ҷарроҳӣ анҷом дода шуд!

  22-08-2013 Дар Бемористони Ибни Сино боз як амали нодири ҷарроҳӣ –стернотомияи амудӣ, тармими реша ва қисми болоравандаи шоҳраг бо аутоперикард, транспозитсияи шараёни каротиди чап ба позитсияи шараёни зерикулфакии чап, шунтгузории аорто-аортали (байни шоҳраги болраванда ва шоҳраги

қафаси сина) ва шунтгузории аорто-брахиосефали бо протезҳои синтетики «DACRON» дар шароити гардиши хуни сунъӣ ва кардиоплегияи фармако-сардӣ анҷом дода шуд, ки дар Тоҷикистон бори нахуст сурат мегирад. Ин намуди беморӣ, тавре ҷарроҳи дил Абдуқодир Ҷабборов иброз дошт, тибқи нишондодҳои оморӣ кам ба назар мерасад ва инчунин душвортарин ва нодиртарин ба ҳисоб меравад. Анҷоми чунин амали душвор танҳо дар марказҳои тиббии махсусгардонидашуда ва аз ҷониби мутахассисони варзидатарин имконпазир буда метавонад.

ФОТО

 

ВИДЕО