БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Эндоурологи эронй Амирҳасани Шаҳриёр дар Бемористони Ибни Сино ба табобати беморон шуруъ менамояд

 28-08-2013 Аз 1 сентябри соли равон  дар Бемористони Ибни Сино  эндоурологи эронй Амирҳасани Шаҳриёр ба табобати беморони гурда ва роҳҳои пешоб шурӯъ менамояд.

Амирҳасани Шахриёр –яке аз мутахисассиси хуби соҳа буда,  зиёда аз 2 000 амали PCNL (сангшикании зерипӯстии гурда), зиёда аз 4 000 амали TUL (сангшиканӣ аз тариқи маҷрои пешоб) ва систолитотрипсия (сангшиканӣ дар масона)-ро анҷом додаст. 

Ӯ  ҳамчунин ҷарроҳии кушодаро бомаҳорати баланд анҷом медихад. Дар Тоҷикистон тӯли 2 соли охир  фаъолият дорад. Ҳамаи амалҳои ҷарроҳиҳояш бомуваффақият анҷом ёфтаанд.Эҳтиёҷмандон метавонанд барои қабули ин мутахассис худро каблан дар Бемористони Ибни Сино номнавис намоянд.

ФОТО

 

ВИДЕО