БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Маҳмудризо Сарзаим ба қабули беморони дил шурӯъ менамояд

 11-09-2013 Дар Бемористони Ибни Сино аз 12 сентябри  соли равон мутахассиси маъруфи эронӣ, ҷарроҳи дил -Маҳмудризо Сарзаим-  ба қабули беморони дил машғул мешавад.  Маҳмудризо Сарзаим дар ҷарроҳии шунтгузории аортокоронарӣ дар дили коркардаистода (Of Pump), иваз ва тармими клапанҳои дил, ҷарроҳии рафъи нуқсонҳои модарзодии дил,ҷарроҳӣ дар шоҳрагҳо, шоҳраги қафаси сина ва шоҳраги шикам, инчунин дар шараёнҳои коротидӣ,

ҷарроҳихо дар дил бо усули эндоскопӣ ва видеоассистентсия  ҳамто надорад. Аз ҷониби ӯ  зиёда аз 3 500 амали ҷарроҳии дил бо муваффақият анҷом ёфтааст. Ӯ ҳамчунин амали бартараф кардани шоҳраг бо усули гузоштани стентро низ дар сатҳи баланд анҷом медихад. Номбурда фаъолияти худро аз соли 1996 ҳамчун ҷарроҳи умумӣ оғоз кардааст. Аз соли 2003 то ин ҷониб ҳамчун ҷарроҳи дил фаъолият менамояд.

ФОТО

 

ВИДЕО