БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • СИНДРОМИ ЗАНОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК

    Унвони аслӣ

     

    Шикоятҳои пайдарпайи невропсихиатрикӣ дар занони ҷавони мубталои ҷоғари сода, дар Тоҷикистон (Синдроми занони ҷавони тоҷик?!).

     

    Аббоси Таваккулиёни Арҷманд, интернист, эндокринолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Малика Юсупова, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

    Унвони кӯтоҳ

    «Ҷоғари содаи эндемикӣ ва ҳолатҳои асабхастагии шадид; оё ин ду бо ҳам иртибот доранд?»

     

     

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот: Малика Юсупова, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к.  Фотеҳ. Ниёзи 34, +992446400102, +992446400103  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

     
  • Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

    УНВОН

    (TITLE)

     

     Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

     

    Аббоси Тавакуллиён Арҷманд, эндокринологи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Баргардон ба хати кириллӣ Абдухалил Холиқзода

    *Вироиш ва тарроҳӣ Фирӯза Назирова

     

     

    Унвони кӯтоҳ

    (Running title) 

    Чӣ гуна як мақолаи илмӣ бинависем?

     

     

     

     

     *Фирӯза Назирова, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к. Фотеҳ Ниёзӣ 34, +992446400102; +992446400103, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

     
  • УСУЛ ВА РАВИШИ МУАЙЯН КАРДАНИ ГУРӮҲИ ХУНИ ОДАМӢ

    Мудири озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино,

    Хуросон Набиева

     

    Сурми хунӣ дорои ин ё он оглутинин, барои тасдиқ ё радди вуҷуди оглутиногени муносиб дар эритротситҳои (галбули сурх) мавриди таҳқиқ, ба сифати вокунишдиҳанда (ректив) комилан муносиб аст.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бахши амрози занона

МАШВАРАТИ ГИНЕКОЛОГ

Қабули гинеколог 50 сомони арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:

1. Қабул ва муоинаи бемор.

2. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.

3. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз.

4. Баррасии озмоишҳо (баррасии ташхиси функсионалии ултрасадо, томографияи коси хурд, ташхиси акси ренгении бачадон ва найчаҳо).

5. Таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва гузоштани ташхис.

6. Тавсияи табобат (навиштани дорухат ё тавсияи ҷарроҳӣ).

7. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ.

Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад.

Мутахассиси бахши амрози занона (гинекологӣ), доктор Ситора Кодирова рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 16.00 ва рӯзҳои шанбе аз 8 00 то 12 00 беморонро қабул мекунад. Бахши амрози занона дар ошёнаи шашуми бемористон ҷойгир гардидааст. Табибони гинекологи бемористони мо - мутахассисони дараҷаи олӣ  ва ботаҷрибаи бисерсолаи корӣ, ки дар фаъолияташон аз дастгоҳҳо ва озмоишу ташхисоти муосир истифода мебаранд. Таҷҳизоти ташхисию табобатии замонавӣ, интихоби фаровони озмоишот, ТУС  ва дараҷаи баланди тахасуссии кормандон ба Шумо кафолати табобати оҷилӣ  ва бомуваффақият медиханд. 

Қабул аз тарафи табибони гинеколог гузаронида мешавад.

 Табибон ихтисоси гинекологияи эндокринологӣ ва ташхиси ултрасадо дар амрози занонаро доранд.

Дар шароити Бемористони Ибни Сино Шумо имконияти гузаштани муоина ва табобати ҳама гунна бемориҳои амрози занонаро доред:

- бемориҳои гарданаки бачадон: эрозияи гарданаки бачадон, эктропион,  лейкоплакия, полипҳои кистаҳои гарданаки бачадон;

- бемориҳои илтиҳобии узвҳои коси хурд: сальпингит, оофорит, эндометрит, цервицит, кольпит,  вульвит, вульвовагинит;

- бемориҳои  ғайри илтиҳобии узвъхои коси хурд:  миомаи бачадон, эндометриоз (аденомиоз) бачадон ва замимаҳо, полипҳои эндометрия, синехияҳои дохилираҳмѝ, бемории лиҳомии коси хурд;

- бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ  гузаранда:  хламидиоз, уреаплазмоз, микоплазмоз, кандидоз, гарднереллез, герпеси узвҳои таносул;

- вайроншавии давраи ҳайзбинӣ;

 - ташхис ва табобати безурётӣ;

- мушкилҳои сину соли климактерики;

 Банақшагирии ҳомиладорӣ.

Таҳияи контрацепцияҳо, гузоштани спирали дохили раҳим.

Қатъи ҳамл:

Сакти ҷанин ё  қатъи ҳамли аспирасионӣ, дар марҳилаи бармаҳали то 5 ҳафтаина дар муддати 2-5 дақиқа зери беҳушии ҷузъи ё умумии бесаддамаи гарданаки бачадон гузаронида мешавад.

Исқоти ҷанини медикаментози (фармацевтикй) – безарари максималӣ,  қатъи ҳамли  бидуни ҷарроҳӣ  дар марҳилаҳои аввали (то 6-7 ҳафтаина) бо маводҳои безарари ба қайд гирифтаи Кумитаи Фармасевтикии Вазорати Тандурустии ҶТ ва дорои иҷозати (Мифегин, Мифепристон, Пенкрофтон) гузаронида мешавад.

Барномаи индивидуалии назорати хомиладорй

Дар беморхона барои модарони оянда барномаи махсусе дар мувофиқа бо хохишу дархостҳои Шумо ва бо дарназардошти натиҷаҳои тадқиқот таҳия мегардад. Барнома барои муҳайё намудани шароити муносиб ва мувофиқу арзанда барои Шумо ва тифли Шумо пешбинй гардидааст ва дар ин замина ҳамаи махсусияти организми Шумо низ ба назари эътибор гирифта мешавад.

Барномаи мукаммали назорат ва муоинаи занони ҳомила ҳамчунин дар худ машварати дигар мутахассисон: терапевт, окулист ва кардиологро фаро мегирад.

Амалиётҳои ҷарроҳӣ

Дар шароити амалиётхонаи хурд амалиётҳои зеррин гузаронида мешаванд:

 -  қатъи ҳамл;

- тарошидани ташхисии ковокии раҳим;

- гистероскопия;

- гистерография;

- гидротубация;

- хромосальпингоскопия;

- гирифтани кистаи ғадуди бартолиноаи;

- амалиёт дар узвъҳои берунаи таносул;

 - хименотомия – буриши пардаи духтарй;

 - биопсияи гарданаки бачадон+тарошидани канали сервикалй;

 - полипэктомия;

 - қатъи болои маҳбалии бачадон;

 - экстирпацияи бачадон;

- гирифтани омосҳои хушсифати бачадон ва замимаҳои он;

- ҷарроҳиҳои лапароскопи: кистэктомия, ҳангоми безурётй, ҳомиладории берун аз бачадон, бемориҳои лихомии ковокии коси хурд, тубэктомия;

 - тармими найчаҳои бачадон;

- ҷарроҳиҳои тармими дар узвъҳои берунаи таносул.

Алоқа бо табибон дар дилхоҳ вакти рӯз ба таври шабонарӯзй сурат мегирад.

Ташрифи  табиби шахсии шумо аз рӯи вақти ба шумо муносиб ба роҳ монда мешавад.

Шумо дар дилхоҳ вақт метавонед ба табиб оид ба ягон суол муроҷиат намоед.Гинекология-эндоҷарроҳи

ФОТО