БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ИЗОФАИ ВАЗН, ФАРБЕҲӢ, ЧОҚӢ

    Эндокринологи бемористон,                           

    Доктор Аббоси Таваккулиён.

     

    Фарбеҳ шудан ё ҳамон чоқӣ, як мушкили наслӣ ё женетикӣ аст. Ба ҷуз намуди хоси фарбеҳӣ, ки он ҳам бисёр кам дида мешавад, бештари мавориди фарбеҳӣ ба иллати вуҷуди женӣ диабети қанд  дар бадан, ба вуҷуд меояд.

     
  • ФИЗИОТЕРАПӢ ҲАНГОМИ ОСТЕОХОНДРОЗИ СУТУНМӮҲРА!

    Мудири бахши физиотерапӣ,

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Каримов Муҳибулло.

     

    Ба бемории остеохондрози сутунмуҳра бештар одамони солхурда гирифтор мешуданд, аммо солҳои охир остеохондроз миёни ҷавонон ҳам зиёд паҳн гардидааст.

     
  • ТАРМИМИ ПЛАСТИКИИ БЕРУНИИ БИНӢ (РИНОПЛАСТИКА)

    Сартабиби бахши  гӯшу гулӯю бинӣ,

    доктор Нозим Шодиев.

     

    Деформатсияи (тағйири шакл)   бинӣ чеҳраро тағйир медиҳад ва ба чашми дигарон  бармехӯрад.  Чунин ҳол  шахсро маҷбур менамояд,  барои  бартараф намудани ин нуқсон ба табиб муроҷиат намояд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бахши кардиологӣ

Бахши кардиологӣ аз дармонгоҳи дил оғоз мешавад.

Дармонгоҳи дил бо дастгоҳҳои зер муҷаҳҳаз аст:

-дастгохи сабти барки дил (ЭКГ):

 ки назм ва ритми кори дилро ташхис медиҳад;

 

-ултрасадои дил (Эхо-КГ-доплер):

 ки барои баррасии нуқсонҳои дил, санҷидани фишори дохили меъдачаву даҳлезчаҳои дил, ташхиси даричаҳои дил ва ғайра истифода мешавад;

-стресс тест-санҷиши кори дил ҳангоми кори ҷисмонӣ:

 ки барои ташхиси дифференциалии бемории ишемиявии дил, ва таҳаммулпазирӣ ба кори ҷисмонӣ ба кор меояд;

-спирометр:

 кори шуш ва роҳи нафасро месанҷад;

Инчунин дилпизишки бемористон аз хидмати озмоишгоҳ ва дорухонаву дигар имконоти бемористон, ки дар мақолаи пизишки умуми гуфтем, истифода мекунад.

 Мариз аз дармонгоҳ бо ташхиси муаян берун меояд. Аксаран маризҳо бо дармони доругӣ фаро гирифта мешаванд ва ба зудӣ ба зиндагии маъмулии худ бармегарданд.

Вале, агар дар кори дили мариз норасогӣ ё нуқсоне ошкор шавад, пизишкон ташхисхои иловагӣ тавсия мекунанд.

Барои ташхисхои амиктар бахши кардиологӣ бо монитор:

 ки дар давоми шабонарӯз кори дилро сабт мекунад;

ултрасадои дохили сурхрӯдаӣ:

барои дақиқ кардани ташхиси нуқсонҳои модарзодии дил, ва лахтаҳои хун дар ковокии дил;

ангиограф

барои ташхиси ниҳоии рагҳои хунгузар ва нуқсонҳои дил муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бояд гуфт, ки қисми маризиҳои дил амсоли тангии рагҳо, нуқсонҳои модарзодӣ, тангии даричаҳо тавассути ин дастгоҳ табобат мешаванд.

ФОТО