БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ИЗОФАИ ВАЗН, ФАРБЕҲӢ, ЧОҚӢ

    Эндокринологи бемористон,                           

    Доктор Аббоси Таваккулиён.

     

    Фарбеҳ шудан ё ҳамон чоқӣ, як мушкили наслӣ ё женетикӣ аст. Ба ҷуз намуди хоси фарбеҳӣ, ки он ҳам бисёр кам дида мешавад, бештари мавориди фарбеҳӣ ба иллати вуҷуди женӣ диабети қанд  дар бадан, ба вуҷуд меояд.

     
  • ФИЗИОТЕРАПӢ ҲАНГОМИ ОСТЕОХОНДРОЗИ СУТУНМӮҲРА!

    Мудири бахши физиотерапӣ,

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Каримов Муҳибулло.

     

    Ба бемории остеохондрози сутунмуҳра бештар одамони солхурда гирифтор мешуданд, аммо солҳои охир остеохондроз миёни ҷавонон ҳам зиёд паҳн гардидааст.

     
  • ТАРМИМИ ПЛАСТИКИИ БЕРУНИИ БИНӢ (РИНОПЛАСТИКА)

    Сартабиби бахши  гӯшу гулӯю бинӣ,

    доктор Нозим Шодиев.

     

    Деформатсияи (тағйири шакл)   бинӣ чеҳраро тағйир медиҳад ва ба чашми дигарон  бармехӯрад.  Чунин ҳол  шахсро маҷбур менамояд,  барои  бартараф намудани ин нуқсон ба табиб муроҷиат намояд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

БАХШИ КАРДИОЛОГӢ

МАШВАРАТИ КАРДИОЛОГ

 

Қабули кардиолог 83 сомони арзиш дорад ва амалкардҳои зеринро дар бар мегирад:

 

1.ЭКГ

 

2. Қабул ва муоинаи бемор (аз назар гузаронидани бемор, санҷидани фишори хун, гӯш кардани дили бемор, набзи бемор, гирифтани кардиограмма, муоина бо фанендоскоп, муоинаи визуалии бадани мариз)

 

3. Ҷамъоварии анамнез бо дарназардошти вежагиҳои фардии мариз.

 

4. Баҳодиҳии ҳолати саломатии мариз ва таъини озмоишҳои зарурӣ.

 

5. Баррасии озмоишҳои хун ва пешоб, эхокардиография, баъзан рентгени қафаси сина, тести варзиш, спирометрия, ангиография.

 

6. Таҳлили натиҷаҳои ба даст омада ва гузоштани ташхис.

 

7. Тавсияи табобат (навиштани дорухат ё тавсияи ҷарроҳӣ).

 

8. Таҳияи ҳуҷҷатгузории дахлдори тиббӣ

 

Дар зимн қабули мариз дар муддати 7 рӯз бе пардохти иловагӣ амал мекунад. 

 

БАХШИ КАРДИОЛОГӢ

 

Мутахассисони бахши кардиологӣ, докторон  Сомии Алдубонӣ, Бобоалиев Сарҳадҷон, Юсупова Малика, Нугмонова Мунира, Сатторов Орифҷон, Қудратов Акмал ва Ҷамолов Фирдавс рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8 то 17 ва рӯзи шанбе аз соати 8 то 12 беморонро қабул мекунанд.

 

Бахши кардиологӣ яке аз бахшҳои муҳими бемористон ба шумор меравад ва дар инҷо ба маризон хизматрасониҳои зерини пизишкӣ расонида мешаванд: 

 

- Муоинаи беморон;           

- Навори барқии дил;  

- ЭХОКГ; 

- Тести варзишӣ;     

- Ангиографияи шарёнҳои коронарӣ, каротидӣ ва шараёнҳои периферал; 

- Катетеризатсияи ковокиҳои дил, аортографӣ;                             

- Ангиопластикаи шарёнҳои иллатёфтаи коронарӣ, каротидӣ ва шараёнҳои периферал;       

- Бастани иллати байнидквории даҳлезҳои дил ва маҷрои кушодаи артериалӣ ба василаи окклюдер (интервенисонӣ);

- Валвулопластикаи баллонии даричаи шараёни шушӣ (интервенсионӣ);   

- Комисурротомии балонии даричаи митралӣ (интервенсионӣ);   

- Аблатсияи транскатетерии байнидевори меъдачаҳо бо этанол, чун табобати кардиомиопатияи гипертрофикии абструктивӣ; 

- Перикардӣ ва плевросинтез;                                             

- Кардиоверсии маводӣ ва барқӣ.         

Аз нархномаи  хизматрасониҳои бахши кардиологӣ бошад, метавонед бо муроҷиа ба нишонаи зерин: http://ibnisino.tj/tg/narkhnoma/dushanbe/1084-angiografiyatj.html иттилоъ пайдо кунед.

 

Ин бахш дар ошёнаи сеюми бинои Бемористон ҷойгир буда, тӯли 24 соат дар ҳолати омодабош қарор дорад.

Ангиография дар бахши кардиологи барои муайян намудани тангихои  рагҳои хунгард, дакик намудани нуксонхои дил, аневризма (васеъшавии раг) ва ҳамчунин барои дақиқ  намудани фаъолияти дил, ташхиси функсияи гурдаҳо, ташхиси омосҳову кистаҳо васеъ ба кор бурда мешавад.

Дар аксҳои рентгенӣ артерияву вена ва капиляр дида намешаванд, чунки онҳо нурҳои рентгениро фурӯ мебаранд. Ин аст, ки зимни ташхиси ангиографӣ  моеъи махсуси рентгенӣ ба рагҳои бемор ворид карда мешавад ва баъд навори видеоии рентгении рагҳо гирифта мешавад. Ин намуди ташхис ҳолати ҳама рагҳои хурду бузург ва  узви маврии назарро  пурра ва аниқу дақиқ нишон медиҳад. Ғайр аз ин, ангиографияи рагҳо пеш аз ҷарроҳӣ низ барои ташхиси ниҳоӣ гузоштан ва хачми амалро мушаххас кардан ба кор бурда мешавад. Нишондодҳои асосӣ барои ангиографияи рагҳо чунинанд:

- бемории ишемикии дил;

- бемории тангшавии шараёнҳои гурда ва шараёнҳои мағзи сар;

- тромбоэмболияи рагҳои шуш;

- бемории нуқсонҳои дил;

Аммо сарфи назар аз ин афзалиятҳо  ва камзахмиву камзарар будани ин усул ҳолатҳое ҳастанд, ки дар он сурат анҷоми ташхиси  ангиографӣ  нисбатан тавсия дода намешавад:

- норасоии кори гурдаҳо бо меъёри баланди креатинин;

- ҳассосият ба йод ва дигар маводи барои ин амал истифодашаванда;

- бордорӣ ва марҳилаи ширмаконии кӯдак.

Ёрии авваллиндараҷаи ангиопластикӣ чист?           

Ин ҳамон ёрии аввалиндараҷаест, ки тангихо ва гирфторихои рагҳои хунгарди дилро бартараф сохта, гардиши мӯътадили хунро таъмин менамояд, ва аз сактаи дил пешгирӣ мекунад.

Дар  Бемористони Ибни Сино мутахассисони ин соҳа 24 соат дастбакоранд ва новобаста аз рӯзу вақт омодаанд ба беморон мадад расонанд!

Ҳам дар Душанбе ва ҳам дар бахши дар Хуҷанд будаи бемористон ёрии аввалин ба таври зуд, ки хело мухим аст, расонида мешавад!

 

ФОТО