БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Ҷинсият ва ахлоқи пизишкӣ: меъёр куҷост?

    Рӯзноманигори бемористон,

    Маҳини Даврон.

     

    Меъёрҳои ахлоқи пизишкӣ дар тӯли таърих яксон набудааст. Ин меъёрҳо вобаста ба шароит, қонунгузорӣ, фарҳанг ва мазҳаби ҳар кишвар ё ҷомеъае ба сурати гуногун шакл гирифта ва таҳаввул ёфтааст.

     
  • Тавонбахшӣ пас аз ҷарроҳиҳои ортопедӣ

    Ортопеди бемористон,

    доктор Мирзобеков Қурбоналӣ

     

    Дар шароити имрӯз зарурати тавонбахшии пас аз ҷарроҳии афроди мубтало ба бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракатдиҳанда беш аз пеш ба миён омадааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҚОДИРҶОН НИЁЗОВ

    Қодирҷон Ниёзов пизишки умумӣ ва қалби Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар заминаи дармони умумӣ (терапия) ва муолиҷаи бемориҳои дил сӣ сол таҷрибаи корӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МЕНИНГИТ - ХАТАР БАРОИ САЛОМАТӢ!

Асабшиноси

Бемористони Ибни Сино,

доктор Саидалиев Шералӣ.

  

Менингит илтиҳоби пардаҳои мағзи сар буда, табибон ин бемориро бисёр хатарнок унвон мекунанд. Ба андешаи мутахассисон, агар менингит сари вақт табобат нашавад, метавонад инсонро ба маъюбӣ ва ҳатто ба марг бирасонад.

Менигит бештар барои кӯдакон хатар дорад, чун системи дифоии бадани онҳо нисбат ба калонсолон заифтар аст. Хатари асосии менингит дар он нуҳуфта аст, ки аломатҳои аввалияи он сахт ба зуком шабоҳат доранд ва одамони гирифтор ба он, бисёр вақт дер ба пизишкон муроҷиат мекунанд ва дар натиҷа муолиҷа душвор ва баъзан номумкин мешавад.

Сабаби сар задани ҷараёни илтиҳобӣ дар пардаҳои майнаи сар микробҳо ва вирусҳо мебошанд. Дар бештари маврид се навъи вирус, менингококк, пневмококк ва микроби гемофилӣ ин бемориро ба вуҷуд меорад. Аммо менингит на ҳамеша бо сабаби заҳролудшавӣ бо ин вирусҳо рушд мекунад. Ин микробҳо метавонанд дар организми инсони солим солҳо вуҷуд дошта бошанд ва ҳеҷ мушкиле дар саломатиаш ба вуҷуд наоранд. Аммо дар натиҷаи омилҳои муайян, масалан суст шудани нерӯи дифоии бадан, ҷароҳатҳо ва ғ. ин бактерияҳо ба пардаҳои майнаи сар роҳ ёфта, боиси сар задани минингит мегарданд. Менингит инчунин метавонад дар натиҷаи бемориҳои илтиҳоби-сироятии гӯшҳо ва бинӣ пайдо шавад. Ҳангоми ҷароҳати майнаи сар низ хатари роҳ ёфтани ин бактерияҳо ба пардаҳои мағзи сар вуҷуд дорад. 

Новобоста ба шакли беморӣ, нишонаҳои аввалини менингит маъмулан ба аломатҳои дигар бемориҳои сироятӣ шабоҳат доранд. Ин аломатҳо иборатанд аз: сустӣ ва заъфи якбораи бадан, боло рафтани ҳарорати бадан то 39°C, шиддат гирифтани набз, ихтилол дар нафаскашӣ ва дард дар тамоми бадан. Баъди ин, аломати асосии менингит, яъне дарди сар пайдо шуда, оҳиста-оҳиста шиддат мегирад ва ба ноҳияи тахтапушт ва баъзан ба дасту по мунтақил мешавад.  

Аломатҳо метавонанд вобаста аз шакли беморӣ фарқ кунанд. Барои мисол ҳангоми сирояти пневмококкӣ - нишонаҳои  зуком пайдо шуда, бемор метавонад мубтало ба илтиҳоби шуш гардад. Ҳангоми сирояти менингококкӣ - дар бадани бемор доначаҳо пайдо мешаванд. Менингити энтеровирусӣ бошад, халал дар кори системи меъдаву рӯдаро ба вуҷуд меорад.

Табибон инчунин аломатҳои дигари менингитро ба синдроми менингиалӣ ворид мекунанд, ки дар ташхисӣ ҳамаи намудҳои беморӣ кумак мекунад.

Ба синдроми менингиалӣ нишонаҳои зерин таъаллуқ доранд: пайдоиши истифроғ ё қайкунӣ ҳангоми шиддати дарди сар, ҳассос шудани бемор ба рӯшноӣ, гиперестезӣ, яъне афзоиши ҳассосияти мушакҳои гардан, ки ҳангоми он бемор наметавонад сари худро то сина хам кунад. Ҳамчунин ҳангоми ин синдром рагҳои бадан низ метавонанд кашиш хӯранд.

Ҳангоми пайдоиши ин нишонаҳо бояд фавран ба Ёрии таъҷилӣ муроҷиат кард ва беморро ҳарчи зудтар ба бемористон интиқол дод. Менингит босуръат рушд мекунад ва ҳатто дар сурати каме дер кардан метавонад барои зиндагии инсон паёмади фоҷеабор дошта бошад. 

Барои пешгирӣ аз беморӣ бошад бояд ҳатман беҳдошти шахсиро риоят намуд, бемориҳои вирусӣ, хусусан сармохӯрдагиро дарҳол табобат кард ва нагузошт онҳо ба шакли музмин гузаранд. Пизишкон ҳамчунин ваксинакуниро тавсия медиҳанд, ки метавонад аз гирифтор шудан ба баъзе шаклҳои менингит пешгирӣ намояд.

ФОТО