БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Ҷинсият ва ахлоқи пизишкӣ: меъёр куҷост?

    Рӯзноманигори бемористон,

    Маҳини Даврон.

     

    Меъёрҳои ахлоқи пизишкӣ дар тӯли таърих яксон набудааст. Ин меъёрҳо вобаста ба шароит, қонунгузорӣ, фарҳанг ва мазҳаби ҳар кишвар ё ҷомеъае ба сурати гуногун шакл гирифта ва таҳаввул ёфтааст.

     
  • Тавонбахшӣ пас аз ҷарроҳиҳои ортопедӣ

    Ортопеди бемористон,

    доктор Мирзобеков Қурбоналӣ

     

    Дар шароити имрӯз зарурати тавонбахшии пас аз ҷарроҳии афроди мубтало ба бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракатдиҳанда беш аз пеш ба миён омадааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҚОДИРҶОН НИЁЗОВ

    Қодирҷон Ниёзов пизишки умумӣ ва қалби Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар заминаи дармони умумӣ (терапия) ва муолиҷаи бемориҳои дил сӣ сол таҷрибаи корӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: НУЪМОНОВА МУНИРА

Ҳар касе, ки бори аввал барои муоина ва машварат назди ӯ меояд, эҳсос мекунад, ки гӯё бо шахси наздики худ суҳбат мекунад.

Самимият, одоби баланди муошират, пурсишҳои ҷолиб ва муносибати дилсӯзонаи Мунира Нуъмонова беморро водор мекунад, то озоду роҳат мушкилоташро бо ӯ дар миён бигзорад. Ин қалбшиноси бисёр ҳушманду пурмасъулият ҳудуди 25 соли умри худро ба табобати гирифторони бемориҳои дил бахшидааст.

Мунира Нуъмонова пизишки дараҷаи аввал буда, миёни ҳамкоронаш бо масъулиятшиносӣ ва дониши баланди худ маҳбубу маъруф аст. Ӯ аз таҳсил  дар Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино дар соли 1995 фориғ шуд. Пас аз хатми донишгоҳ, аз соли 1995 то 2009 дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил фаъолият кард.

Аз соли 1997 то 1999 дар кафедраи қалбшиносии (кардиологии) Донишкадаи такмили ихтисоси Тоҷикистон давраи ординатураи клиникиро гузаронд. Муддати 14 сол дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил ба унвони қалбшинос ё кардиолог фаъолият кардааст.

Мунира Нуъмонова аз нахустин пизишконест, ки аз рӯзи таъсиси Бемористони Ибни Сино, яъне аз соли 2009 ба ин сӯ, дар бемористони мазкур ба табобати бемориҳои қалб машғул аст.

Барои боло бурдани маҳоратҳои касбии худ дар ҳамоишҳову давраҳои такмили ихтисос дар Эрону Русия ширкат кардааст.

Дар муолиҷаи тамоми намудҳои бемории дил, бахусус, нуқсонҳои модарзодӣ ва пайдошудаи дил, фишорбаландии шараёнӣ, бемориҳои ишемикии дил, бемориҳои мушакии дил, анҷоми тести варзиш, муоинаи ЭХОКГ маҳорати баланд дорад.

Рӯзҳои пазириш: Аз душанбе то ҷумъа аз соати 8:30 то 16:30

Шанбе аз соати 8:30 то 12:00

ФОТО