БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Ҷинсият ва ахлоқи пизишкӣ: меъёр куҷост?

    Рӯзноманигори бемористон,

    Маҳини Даврон.

     

    Меъёрҳои ахлоқи пизишкӣ дар тӯли таърих яксон набудааст. Ин меъёрҳо вобаста ба шароит, қонунгузорӣ, фарҳанг ва мазҳаби ҳар кишвар ё ҷомеъае ба сурати гуногун шакл гирифта ва таҳаввул ёфтааст.

     
  • Тавонбахшӣ пас аз ҷарроҳиҳои ортопедӣ

    Ортопеди бемористон,

    доктор Мирзобеков Қурбоналӣ

     

    Дар шароити имрӯз зарурати тавонбахшии пас аз ҷарроҳии афроди мубтало ба бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракатдиҳанда беш аз пеш ба миён омадааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҚОДИРҶОН НИЁЗОВ

    Қодирҷон Ниёзов пизишки умумӣ ва қалби Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар заминаи дармони умумӣ (терапия) ва муолиҷаи бемориҳои дил сӣ сол таҷрибаи корӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МАҲМАДЁРОВ ДИЛОВАР

Ҷиддӣ, вафодор ва содиқ ба пешаи худ. Ҳангоми муоина ва ташхис хеле борикбину бодиққат аст ва бо беморон бархӯрди оромона ва меҳрубонона дорад. Корашро ҳамеша дар сатҳи боло ва аз сидқи дил анҷом медиҳад.

Диловар Маҳмадёров, пизишки қалб ва муроқибатҳои вижа (кардиолог-реаниматолог), фаъолияти худро аввал ба унвони парастор шурӯъ кард ва сипас ба унвони пизишк идома дод. Аз дастпарвардаҳои мактаби пизишкии Бемористони Ибни Синост. Соли 2009 Колеҷи тиббиро бо дипломи аъло ва соли соли 2015  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба итмом расонд.

Баъд аз хатми донишгоҳ аз соли 2015 то 2016 давраи корварзӣ (интернатура)-и баъдидипломиро бо тахассуси кардиолог ба поён расонд.

Нахустин фаъолияти худро дар Бемористони Ибни Сино дар соли 2009 замоне, ки донишҷӯи соли аввали донишгоҳ буд, ҳамчун парастор дар бахши эҳё шурӯъ кард. Аз соли 2015 ба ин сӯ ба унвони пизишки қалб ва муроқибатҳои вижа  дар шуъбаи пас аз ҷарроҳии Бемористони Ибни Сино фаъолият дорад. 

Дар муддати 11 соли фаъолияти худ дар ин бемористон тахассуси эндокринологро низ аз устод Таваккулиён, эндокринологи варзидаи эронӣ, омӯзиш дидааст. 

Доктор Диловар Маҳмадёров дар бахши эҳёи Бемористони Ибни Сино ба муроқибат ва муолиҷаи беморони вазнини дил машғул аст. Дар муолиҷаи тамоми бемориҳои дил, аз ҷумла нуқсонҳои модарзодӣ ва пайдошудаи дил, фишори баланди шараёнӣ, бемориҳои ишемикии дил, бемории мушаки дил, ҳамчунин табобати бемориҳои эндокринологӣ низ маҳорати баланд дорад.

Рӯзҳои пазириш:

Душанбе то ҷумъа: 8:30 то 16:30

Шанбе: 8:30 то 12:00 

ФОТО