БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Ҷинсият ва ахлоқи пизишкӣ: меъёр куҷост?

    Рӯзноманигори бемористон,

    Маҳини Даврон.

     

    Меъёрҳои ахлоқи пизишкӣ дар тӯли таърих яксон набудааст. Ин меъёрҳо вобаста ба шароит, қонунгузорӣ, фарҳанг ва мазҳаби ҳар кишвар ё ҷомеъае ба сурати гуногун шакл гирифта ва таҳаввул ёфтааст.

     
  • Тавонбахшӣ пас аз ҷарроҳиҳои ортопедӣ

    Ортопеди бемористон,

    доктор Мирзобеков Қурбоналӣ

     

    Дар шароити имрӯз зарурати тавонбахшии пас аз ҷарроҳии афроди мубтало ба бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракатдиҳанда беш аз пеш ба миён омадааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҚОДИРҶОН НИЁЗОВ

    Қодирҷон Ниёзов пизишки умумӣ ва қалби Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар заминаи дармони умумӣ (терапия) ва муолиҷаи бемориҳои дил сӣ сол таҷрибаи корӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ХУРОСОН НАБИЕВА!

Дар арсаи тиб ва пизишкӣ мутахассисоне ҳастанд, ки корҳои бисёр муҳимме ба онҳо бастагӣ дорад, аммо худашон маъмулан пушти парда боқӣ мемонанд.

Бештари ихтироъоти донишмандони тиб маҳз бо кумаки онҳо сурат гирифтааст.

Пизишкон ҳам наметавонанд бидуни ёрии ин мутахассисон бемориҳоро дурусту дақиқ ташхис бидиҳанд. Маҳз дастёри озмоишгоҳ ё лаборант аст, ки бо истифода аз заррабин ва маҳлулҳои шимиёӣ ва албатта бо диққати болову борикбинии худ ҳолати организми инсонро муайян мекунад.

Хуросон Набиева пизишки озмоишгоҳи Бемористони Ибни Синост. Тамоми корҳои озмоишӣ ба монанди таҳлили клиникӣ, биохимиявӣ, ҳормонҳо ва вирусологӣ дар бемористон зери роҳбарияти ӯ иҷро мешавад.

Хуросон Набиева Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлобро дар соли 2007 ба итмом расонда, сипас вориди Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ шуд ва то соли 2012 дар факултаи кимиё - биолоҷии ин донишгоҳ таҳсил кард. Тахассуси ташхиси клинникии озмоишгоҳиро низ дар тӯли таҳсил аз соли 2013 то 2014 дар Муассисаи давлатии таълимии пасаздипломӣ ба даст овард.

Соли 2018 давраи якмоҳаи такмили ихтисосро доир ба масъалаҳои муҳими трансфузиология (пизишкии интиқоли хун) пушти сар кард.

Аз моҳи июни соли 2014 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино дар Душанбе ба ҳайси пизишки озмоишгоҳ кор мекунад ва мудирияти озмоишгоҳи шабонарӯзии ин бемористонро ҳам ба уҳда дорад.

ФОТО