БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Ҷинсият ва ахлоқи пизишкӣ: меъёр куҷост?

    Рӯзноманигори бемористон,

    Маҳини Даврон.

     

    Меъёрҳои ахлоқи пизишкӣ дар тӯли таърих яксон набудааст. Ин меъёрҳо вобаста ба шароит, қонунгузорӣ, фарҳанг ва мазҳаби ҳар кишвар ё ҷомеъае ба сурати гуногун шакл гирифта ва таҳаввул ёфтааст.

     
  • Тавонбахшӣ пас аз ҷарроҳиҳои ортопедӣ

    Ортопеди бемористон,

    доктор Мирзобеков Қурбоналӣ

     

    Дар шароити имрӯз зарурати тавонбахшии пас аз ҷарроҳии афроди мубтало ба бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракатдиҳанда беш аз пеш ба миён омадааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҚОДИРҶОН НИЁЗОВ

    Қодирҷон Ниёзов пизишки умумӣ ва қалби Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар заминаи дармони умумӣ (терапия) ва муолиҷаи бемориҳои дил сӣ сол таҷрибаи корӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: НУРМАТОВ МАМЕД ВА ТОШМАТОВ ҶАМШЕД

Агар аз бемориҳои музмини дандон ранҷ мебаред ва ё мушкили каҷии дандон дореду эҳсоси нороҳатӣ мекунед ва мехоҳед дандонҳои зебову солим дошта бошед, ба мутахассисони Бемористони Ибни Сино муроҷиат кунед.

Дар Бемористони Ибни Сино ду дандонпизишки кордида ва ҳирфаӣ - Мамед Нурматов ва Ҷамшед Тошматов ҳамарӯза дар канори ҳам ба пазириш ва муолиҷаи беморон машғуланд.

Ҳарду дандонпизишк-терапевт, ортопед ҳастанд ва дар бартараф кардани мушкилоти сохтории ҷоғу дандонҳо, насби протез (дандонҳои маснӯъӣ), протез бар рӯйи имплант (дарункошти дандонӣ) ва брекет (дандонбанд) таҷрибаи зиёде доранд.

Мамед Нурматов дандонпизишки кордида ва дорои таҷрибаи 17-солаи корӣ мебошад, ки хеле поку тамиз ва бо равишҳои навини дандонпизишкӣ фаъолият мекунад.

Доктор Нурматов бахши дандонпизишкии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро дар соли 2003 хатм намуда, аз ҳамон сол ба фаъолияти худ дар Маркази саломатии шумораи 3-и шаҳри Душанбе шуруъ кард. Пас аз ин ба муддати панҷ сол (2006-2011) дар маркази дандонпизишкии «Смайл» фаъолият кард.

Дар марказҳои «Дили солим», «Ситидент» ва «Насим ва ко» аз соли 2011 то 2015 низ фаъолият доштааст. Аз соли 2017 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино кор мекунад.

Ҷамшед Тошматов мутахассиси ботаҷриба, борикбин ва дорои 25 сол таҷрибаи корӣ дар бахши дандонпизишкӣ аст.

Аз соли 1991 то 1996 дар бахши дандонпизишкии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил кардааст.

Нахустин фаъолияти кории худро пас аз хатми донишгоҳ аз соли 1996-1998 дар дандонпизишкии «Садаф» шуруъ кардааст. Аз соли 1999 то 2000 дар Таваллудхонаи рақами-1 ва аз 2004 то 2007 дар Таваллудхонаи рақами- 2 ба унвони дандонпизишк фаъолият кардааст. Инчунин дар бахши дандонпизишкии Дармонгоҳи марказии шаҳри Душанбе, Кафедраи дандонпизишкии ортопедии ДДТТ(2008-2009), марказҳои дандонпизишкии Аҳмаддент (2009-2013) ва  «Насим ва ко» (2013-2017) фаъолият намудааст.

Доктор Ҷамшед Тошматов аз соли 2017 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино фаъолият дорад.

Ин ду дандонпизишки варзидаи Бемористони Ибни Сино дар давраҳои гуногуни такмили ихтисос оид ба дандонпизишкӣ ширкат карда, дорои гувоҳиномаҳои зиёд мебошанд. Тамоми навъи бемориҳо ва мушкилоти вобаста ба дандонро бо равишҳои навин ва дастгоҳҳои якбормасраф табобат мекунанд.

Бахусус бемориҳое чун:

Пӯсидагӣ (кариес)-и сатҳӣ

Пӯсидагии миёна

Пӯсидагии жарф

Илтиҳоб (пулпит)-и шадиди мағди дандон

Илтиҳоби мабдаъӣ (қонунӣ)

Илтиҳоби паҳнгашта

Илтиҳоби музмин

Илтиҳоби гангреонозӣ

Илтиҳоби гипертрофӣ

Парадонтитҳо

Пародонтити шадид

Пародонтити шадиди серозӣ

Пародонтити шадиди зардобӣ

Пародонтитҳои музмин

Пародонтити музмини гронул

Пародонтити музмини грануламатозӣ

Пародонтити музмини нахдорро табобат мекунанд.

Рӯзҳои пазириш:

Душанбе то Ҷумъа аз соати 8:00 то 16:30

Шанбе: аз 8:30 то 12:00

ФОТО