БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хариди дору ва васоили тиббӣ дар Бемористони Ибни Сино чи гуна сурат мегирад?

Масъули воридот ва таъминоти бемористон,

Фарзона Абдуллоева.

 

Дар Бемористони Ибни Сино хариди маводи доруӣ ва васоили тиббиро масъули воридот аз бахши таҳия ва танзим ё таъминот анҷом медиҳад. Маводи доруиро бемористон танҳо барои таъмини ниёзҳои худ ворид мекунад.

Хариди доруворӣ ва лавозими пизишкӣ барои ин бемористон бар асоси муқаррароти умумии низоми шартнома ё қарордодӣ анҷом мешавад.

Зарурати хариди дору ва васоили тибби бо таваҷҷуҳ ба мизони масрафи онҳо, фосилаи замонӣ байни қарор додани фармоиш ба таҳиякунанда ва таҳвили коло, ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба сатҳи захираи доруҳо ва васоили тиббӣ дар анбор, дорухона ва бахшҳои дигари бемористон таъйин мешавад. Равишҳои гуногуне барои дар сатҳи муайян нигоҳ доштани захираҳо вуҷуд дорад ва дархосту фармоиши дору ва маводи масрафӣ бо такя ба ин равишҳо анҷом мешавад:

1. Фармоиш бар тибқи ниёз - тибқи ин равиш, хариди ин ё он дору ё васоили тиббӣ танҳо сурати ниёз доштан ба онҳо фавран амалӣ мешавад ва ин доруҳо дар анбор захира намешаванд.

2.  Муҳосиба бар тибқи омор – пешбинии масрафи доруҳо бо такя ба омори масраф анҷом мешавад: арзиши миёна барои фосилаи замонии интихобшуда барои доруҳо ва маводи масрафшуда дар назар гирифта мешавад (барои мисол, масрафи миёна дар рӯз, моҳ ё дар се моҳ). Ҳангоми кам шудани маводи боқимонда то як миқдори муайян, захираҳо муваққатан пур карда мешавад, то ин ки дар анбор камчинӣ ба вуҷуд наояд.

3. Mini-Max - тибқи ин равиш, ҳар гоҳ доруҳо ва маводи тиббӣ ба камтарин сатҳи таъйиншуда коҳиш ёбад, пур кардани захираҳо то ба болотарин сатҳи пешбинишудаи масрафӣ дубора сурат мегирад. 

Фосилаи замонӣ байни фармоиш ва таҳвили маҳсулот ба бемористон ба тарзи фармоиш бастагӣ дорад (дархости ниҳоии дорухона, бахшҳо ва анбор, фурӯш, дархости қиматгузорӣ ва ё харид аз як таъминкунанда), ва равиши анҷоми фармоиш ба маблағи маводи супоришшуда бастагӣ дорад. Аз пешниҳоди дархост то таҳвили дору ба анбори бемористон метавонад аз 1,5 то 2 моҳ тӯл кашад. Аммо дар сурати мавҷудияти ҳамлу нақли ҳавоӣ, ин муддат метавонад коҳиш ёбад ва воридоти дору зудтар анҷом шавад.

Раванди таҳияи дархост ба ин шева сурат мегирад: Мудири анбори бемористон дархостҳоро аз дорухона ва дигар бахшҳо ҷамъоварӣ мекунад, доруҳои боқимондаро ҳисоб мекунад, сипас дархости ниҳоиро тартиб медиҳад ва ба бахши таъминот ирсол менамояд. Бахши таъминот дар навбати худ, дархостро бо диққат баррасӣ мекунад, фармоиш барои воридоти мавод, хариди доруҳо, лавозими тиббӣ ва ғайраро сабту таҳия мекунад, норасоиҳоро ба назар мегирад, таҳвили доруҳо ва лавозимро бо кумаки як мудир дар бозор созмон медиҳад, маҷмӯъе аз мавқеъиятҳоро ҳифз мекунад, замон ва муҳлати таҳвили дору ва маводи масрафиро дунбол мекунад, ҳаракати колоро назорат мекунад, бо фароҳамгарон муҳосиба ва тасвияи ҳисоб мекунад ва дар ҳолати ошкор шудани норасоӣ тарафи муомиларо огоҳ месозад ва камбудиро рафъ месозад. Пас аз таҳвили коло ва мавод, номгӯи онҳо ва муҳлати масрафашон дар систем ворид ва ҳифз карда мешавад. Ҳангоми таъминоти пайваста, мароҳили таҳвили коло дар феҳристе бо намунаҳо сабт мешавад ва тибқи он, миқдори маводи таҳвилшуда ба анбори бемористон, бо нишон додани вақти таҳвил, арзиш ва теъдоди мавод сабт мегардад. Ҳамаи санаднигорӣ барои ин корҳо ба шакли худкор ва ҷадид, дар барномаи роёнаии мутамаркизи бемористон анҷом мешавад.

Ҳадафи асосӣ аз эҷоди системи мудирияти мутамаркизи захоири дору ва маводи масрафии тиббӣ дар Бемористони Ибни Сино коҳиши хароҷоти нигаҳдории тӯлонии захираҳо, коҳиши ҳаҷми захираҳое, ки муҳлаташ гузашта ва беҳбуд бахшидан ба назму интизом дар корҳо ва умури молии бахшҳои бемористон ҳангоми таъмини доруворӣ ва маводи масрафии тиббӣ аст. Системи худкор ва якпорчаи таъминоти доруворӣ дар заминаи барномаи роёнаии 1С ва БИС эҷод шудааст.

Маводи масрафии тиббӣ барои бемористон бештар аз Олмон, Испониё, ИМА, Туркия ва ширкатҳои бонуфузе, ки дар онҳо кайфияти маҳсулот ҷавобгӯи меъёрҳои байналмиллалии GMP мебошад, ворид карда мешаванд. Аммо доруҳо аз Эрон ворид мешавад. Маводи аввалия барои тавлиди дору аз кишварҳои аврупоӣ харидорӣ мешавад ва кайфияти доруҳо бо намунаҳои аврупоии онҳо ҳеч тафовуте надорад. 

Шароити нигаҳдории маҳсулоти доруӣ дар анбор тибқи меъёрҳои байналмилалӣ назорат мешавад. Мувофиқи асноди назоратии маводи доруӣ маҳсулот дар анбор дар дамо ва рутубати муайяне ҳифз ва нигаҳдорӣ мешавад. Таҳвили маҳсулот ба дорухона ва дигар бахшҳои бемористон бо равиши FEFO((firstexpire, firstout) амалӣ мегардад. Ин равиш барои ҳифз ва нигаҳдории васоили озмоишӣ, доруҳо ва дигар маводи тиббӣ, ки муддатзамони захирасозиашон кутоҳ аст, бисёр коро ва муассир аст. Равиши FIFO(first in, firstout) бошад, на аз рӯи торихи масрафи дору, балки бар асоси замони вуруди он роҳандозӣ мешавад.

Пас аз вуруд ва таҳвили маҳсулот, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ сифати маҳсулоти доруӣ ва пизишкиро дар озмоишгоҳ мавриди баррасӣ ва санҷиш қарор дода, сипас гувоҳиномаи мутобиқатро  таҳия мекунад.

ФОТО