БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҲАМРОАЛИЕВА НОҲИДА

    Пизишке, ки дар бораи ҳамаи бахшҳои тиб донишу маълумоти фарох дорад ва ҳама гуна бемориҳои даруниро метавонад табобат кунад.

     
  • Роҳҳои пешгирӣ аз бордорӣ

    Гинекологи бемористон,

    доктор Ситора Қодирова.

     

    Новобаста ба он ки роҳҳои пешгирӣ аз ҳамл зиёданд, интихоби дурусти он яке аз масоили муҳим барои занон боқӣ мемонад. Интихоби роҳҳои дуруст ва босамари пешгирии ҳамл солимии борвари (репродуктиви)-и зану мард ва робитаи солими ҷинсиро таъмин мекунад.

     
  • Хатари фавт аз вируси ҳепотит бештар аз хатари короност

    Пизишки бемористон,

    Қосимов Маҳмадсабур.

     

    Имрӯз мо аз вируси короно ҳарос дорем, аммо бехабар аз он ҳастем, ки  маргу мири одамон дар ҷаҳон аз вируси ҳепотит камтар аз короно нест.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бемориҳои чашм

Дар шӯъбаи бемориҳои чашми Бемористони Ибни сино мутахассисони варзидаи ватанӣ ва иронӣ фаъолият доранд. Қабули беморон дар ин шӯъба аз рӯи чунин намуди бемориҳо ба роҳ монда мешавад: чашмпарда ё хирашавии бураки чашм, нейроофтальмология (оризаҳои бемориҳои асаб), оризаҳои эндокринологӣ ё оризаҳои чашм, ки аз таъсири бемории диабети қанд ба вуҷуд омадаанд, дурбинӣ ва наздикбинӣ, марҳилаи барқароркунии баъдиҷарроҳии захмҳои чашм ва барқароркунии биниши он, ретинопатияи навзодон ва ғайра.

Методҳои тадқиқотӣ ва табобат дар бахши бемориҳои чашм

  • Визометрия-муайян намудани тезбинии чашм.
  • Авторефкератометрия - таҳқиқи компютерии қарнияи чашм, ки дар муддати якчанд дақиқа дараҷаи пастшавии тезбинии чашмро муайян менамояд.
  • Рефрактометрия- таҳқиқи компютерии ҳолати функсионалӣ ва муайян намудани тезбинии чашм.
  • Ретиноскопия- азназаргузаронии қаъри чашм ба воситаи таҷҳизоти махсус бо имконияти таҳқиқи шабакия, ҳалқаи асаби биноӣ ва рагҳои қаъри чашм.
  • Офталмохромоскопия- таҳқиқ намудани қаъри чашм ба воситаи таҷҳизоти махсуси ранга.
  • Биомикроскопия-муоинаи қисмҳои пеши кураи чашм (қарния, рагҳои навбаромад, хирашавии булурак ва ҷурми шишамонанд).
  • Тонометрия- чен кардани фишори чашм.
  • Линзметрия- бо таҷҳизоти махсус муайян намудани дараҷаи айнак.

Табобат

  • -консервативӣ, физиотерапевтӣ.
  • -факоэмулсификатсия (ҷарроҳии чашмпарда).
  • -ҷарроҳии мушакҳои чашм (страбизм).
  • -ҷарроҳии узвҳои ашк.
  • -ҷарроҳии қарния (птерегиум).

Бартариятҳои табобати консервативӣ ва ҷарроҳӣ дар шӯъбаи бемориҳои чашми Бемористони Ибни Сино:

 

-илтиҳоби мултаҳими бактериявӣ, вирусӣ ва аллергикӣ;

-табобати астигматизм бо интихоб намудани оинаҳои сферикӣ ва силиндрӣ;

-олуси (страбизм) чашми кӯдакон (модарзодӣ) ва оризаҳои асабӣ;

-оризаҳои эндокринологии кӯдакон ва наврасон;

-табобати консервативии доғҳои дегенеративӣ ва дистрофия дар шабакия;

-табобати тағироти синусолӣ дар қисмҳои пеши курраи чашм;

-табобати ретинопатияи дибетикӣ;

-табобати оризаҳои ҷоғари заҳролудшуда.            

ФОТО