БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бахши ёрии таъҷилӣ

Хабар

  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ ИБНИ СИНО: ИСОМАДИНОВ ХАЙРУЛЛО

    Хайрулло Исомадинов ҷарроҳи моҳиру тавонои дилу рагҳо (кардиохирург) ва табиби хушмуомилаи Бемористони Ибни Сино тӯли бист соли фаъолияташ садҳо нафарро ҷарроҳӣ карда ва умри дубора бахшидааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ ИБНИ СИНО: САТТОРОВ ОРИФҶОН!

    Пизишке, ки сарсупурдаи кори худ аст ва мешавад ба ӯ пурра эътимод кард. Хуб медонад дар лаҳзаҳои душвор беморро чи гуна рӯҳбаланд кунаду хешовандонашро таскин бахшад. Маъмулан, одамон ба табибони миёнсол эътимоди бештар доранд, аммо бо садоқат ба кори худ, дониши қавӣ ва муомилаву рафтори махсус бо ҳар бемор, ӯ тавонистааст дар синни ҷавонӣ ин эътимодро ба даст оварад.

     
  • СИНДРОМИ ХАСТАГИИ МУЗМИН

    Кардиологи бемористон,

    доктор Мусоева Марҷона.

     

    Хастагии зиёд ва заъфи умумӣ аз шикоятҳоеянд, ки мардум ба пизишкони гуногун муроҷиат мекунанд. Теъдоди зиёде аз мардум ҳам бо ин ки хастагии музмин доранд, ба табибон муроҷиат намекунанд. Вазъи онҳо одатан баъди истироҳати кофӣ беҳбуд меёбад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Дорухона

90% доруҳо ба бемористони мо аз Эрон ворид карда мешаванд. Ҳамчунин ширкатҳои истеҳсолкунандаи дору ва маводи тиббии аълосифати Амрико, Олмон, Туркия, Испания ва чанд мамолики дигар низ аз ҷумлаи шарикони мо мебошанд. Мо мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ фаъолият анҷом медиҳем ва ҳам дору, ҳам маводи тиббии масрафӣ, ки ворид мекунем, ҷавобгўйи стандартҳои байналмилалӣ  мебошанд!

Васоил ва маводе, ки дар шикастабандиҳо ва амалҳои дигари ортопедӣ, ҷарроҳиҳои гинекологиву урологӣ истифода  мешаванд, низ аз Олмону Испания ворид карда мешаванд.

Шарикони бемористони мо ба мо эътимод доранд ва дар сатҳи меъёрҳои роиҷи  байналмилалӣ бо мо муносибат мекунанд. Бештар мо аз тариқи шабакаи интернет табодули назар карда, ба тавофуқ мерасем ва шартнома мебандем. Дар баробари ҷиддӣ будан, онҳо хеле ҳассос ҳам ҳастанд. Як ҳарфи зиёдатӣ, як калимаи беҷо метавонад ба кори мо халал ворид созад. Ба ҷуз донистани забону назокатҳои муошират, боз каме дипломат будан ҳам лозим аст.

Интихоби дору 

Аз анбори махсуси нигаҳдории доруҳо ба мо хабар медиҳанд, ки захираи кадом номгўи доруҳо  камтар боқӣ мондааст. Ҳамчунин  мудирони шўъбаҳо супориш медиҳанд, аз бахшҳои бемористон дар Панҷакенту Хуҷанду Фархор омори лозимаро мегирем, пас аз ҷамъ кардани маълумоти зарурӣ, бо ширкатҳои ҳамкорамон тамос мегирем ва дар доруҳои лозимаро супориш медиҳем ва онҳо бароямон ирсол  мекунанд.

Нархи доруҳо

Нархи доруҳои мо ба истиснои чанд номгўи дору, ки камёфту гаронарзишанд, аз нархи бозори дохилӣ фарқ намекунад.  Вале бартарии доруҳои мо дар он аст, ки комилан аз дасти аввал, бидуни миёнҷиҳо дастрас карда мешавад! Бо итминон  гуфта метавонам, ки дар дорухонаи мо ягон доруи қалбакӣ нест ва дар оянда ҳам роҳ намеёбад! Доруҳои мо дорои сифати аъло ва хеле муассир мебошанд! Касоне ҳам буданд, ки пас аз тавсияи пизишкон аз дигар дорухонаҳо дору харида, таъсири онро эҳсос накарданд ва дубора ба мо муроҷиъа карданд. Агар мақсад аз истеъмоли дору сиҳат ёфтан  бошад, пас дору бояд истеъмол намуд, на номи дору! Чунонки гуфтам, доруҳои мо пас аз муоинаи нафари муроҷиаткарда,  бо тавсияи духтурон фурўхта мешаванд,

Доруҳои мавсимӣ 

Мо вобаста ба мавсим ва бемориҳое, ки дар ин фасл хурӯҷ мекунанд низ дору ворид месозем. Ду –се моҳ пешакӣ супориш медиҳем, шартнома мебандем ва шариконамон  доруҳоро бароямон  мефиристонанд. Доруҳо дар утоқи махсуси муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти баландсифати хориҷӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва аз ҷониби Хадамоти фарматсевтии кишварамон сертефикати лозима доранд. Рўйхати  тамоми доруҳо дар компютер ҷой дода шуда, ҳангоми фурўхтан ба мизоҷон пурра таркибу хосияти он ва тарзи истеъмоли он шарҳ дода  мешавад. Тамоми ҷаҳду кўшиши мо ба он равона шудааст, ки дар таъмини беморону аҳолӣ бо дору  камбудие надошта бошем ва хушбахтона, дар ин замина то ҳол муваффақ будаем!



Нархномаи Дорухона

ФОТО