БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Мақолаҳо

БЕМОРИСТОНИ «ИБНИ СИНО» ДАР МИНТАҚАҲО БАХШҲОИ ХУДРО БОЗ МЕКУНАД

21.02.2013 23:42 "Рузгор".

 Сомонаи Бемористони Ибни Сино иттилоъ додааст, ки дар арафаи иди Наврӯз бахши минтақавии ин беморхона дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ифтитоҳ ва ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

 Ба иттилои манбаъ бахши ин бемористон дар шаҳри Хуҷанд низ бо кулли таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз ва дар он мутахассисони соҳибтаҷрибаи ватаниву хориҷӣ ба табобати мардуми шимоли кишвар машғул хоҳанд шуд.

 

 Бемористони Ибни Сино аз машҳуртарин дармонгоҳҳои хусусӣ дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе аст, ки моҳи сентябри соли 2009-ум фаъолияташро оғоз намуда, дар андак муддат беморони зиёдеро ба худ ҷалб кардааст. Айни замон бемористон дорои 120- кат буда, метавонад дар як рӯз ба 200-нафар шањрвандон хизмат расонад.

 Дар ин бемористон табибони соҳибтаҷриба аз кишварҳои Эрону Олмон ва Тоҷикистону Русия дар бахшҳои дандонпизишкӣ, рентген, амрози занон, ҷарроҳии дилу гурда, шикастабандӣ ва ҷарроҳии пластикӣ ба беморон хидмати тиббӣ мерасонад.

 Фаъолияти бемористони «Ибни Сино» аслан ба амалӣ намудани он навъҳои ҷарроҳие нигаронида шудааст, ки қаблан дар Тоҷикистон ҷой надошт ва шањрвандони кишвар маҷбур буданд, ки барои табобат ба хориҷа сафар кунанд.

 Ҳамчунин бояд зикр кард, ки қаблан ин беморхона дар шаҳри Панҷакент шӯъбаи худро боз намуда буд ва ҳамакнун дар садади ифтитоҳи бахши минтақавии худ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аст.

 Баҳманёр, «Рӯзгор»

ФОТО