БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бобоалиев Сархадҷон

Дӯстони гироми!

Агар бо тарзи кор, ки мо тавонистем дар бемористон роҳ андозем, шинос шавед, мефаҳмед, ки ин як организми бузургест, ки аз қисмҳои мухталиф иборат буда, аз ҳамоҳангии онҳо кори дармонӣ, ки ҳадафи фаъолияти мост, вобаста мебошад. Бахши дармон, бахши парасторӣ, бахши таъминоту таъсисот, бахши молӣ, бахши равобити хориҷӣ ва дигар хадамоти ёрирасон чун аъзоёни як бадан кор карда, шароити лозимаро барои кори пурсамар фароҳам мекунанд. Масъулияти банда роҳбарии бахши табобат дар бемористон мебошад. 

Бахшҳои табобатии бемористон аз шуъбаи ёрии таъҷилӣ оғоз мешавад. Ин бахш 24 соат, ҳафт рӯз дар ҳафта фаъол буда, бо доруву лавозимоти масрафӣ ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин аст. Пизишкони навбатдор ва парасторони ин бахш таълимдидаанд ва эҳёву ёрии аввалии лозимаро ба бемор мерасонанд.

Хадамоти озмоишгоҳ, рентген, томограф, экг ва ғайра ба гузоштани ташхиси дақиқ имконият медиҳанд.

Ҳамчунин бахшҳои кардиологии бемористон бо дастгоҳҳои ангиограф муҷаҳҳаз карда шудаанд, ки имкони табобати фаврии касалиҳои сактаи дилро дар кулли шабонарӯз доранд. Аз мардуми шаҳри Душанбе ва Хуҷанд хоҳиш мекунам, ки маризҳои нишонаи сактаи дил доштаро фавран ба бемористони мо интиқол диҳанд, зеро дар чанд соати аввал мо метавонем гирифтории рагҳоии дили маризро ба пуррагӣ боз кунем. Дар акси ҳол мутаасифона қисми зиёди ин маризҳо талаф мешаванд.

Бахши кардиологӣ, ки банда дар он машғули табобат низ ҳастам, имконоти фавқулодаро дар ихтиёри муштариён гузоштааст. Инҷо бо тариқи камтаҳоҷум (minimal invasive) дили инсон ташхис шуда, диагнози исботшуда гузошта мешавад.

Дар ин бахш бо дастгоҳи ангиограф мо метавонем бисёре аз маризҳои дилу рагро табобат кунем.

Бахшҳои ҷарроҳии умумӣ, урологӣ, гинекологӣ, чашмпизишкӣ, гастроэнтерологии бемористон ҳама бо таҷҳизоти сохти аврупоӣ ва амрикоии ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, имкон доранд, ки аксари ташхису табобатро бо роҳҳои камзахм ва муассир анҷом бидиҳанд.

Ин ҷо мехоҳам як чизро қайд бикунам, ки бисёр муҳим аст: ташхис ва табобати камтаҳоҷумӣ, ки дар ин бахшҳо анҷом мешавад, хуб аст ба шарте, ки пизишк воқеан даврадида ва таҷрибадор бошад. Дар акси ҳол худомуз будан ва таҷрибаи кофӣ надоштани пизишк хоҳ дар бахшҳои эндоскопӣ ва хоҳ дар амалҳои ангиографӣ хатари бузургеро ба ҳаёти мариз эҷод мекунад.

Бахшҳои ортопедӣ, нейрохирургӣ, кардиохирургӣ ва дандонпизишкии бемористон низ аз технологияи рӯз кор гирифта, бо таҷҳизоту васоили лозима таъмин мебошанд.

Роҳбарияти бемористон барои пешгирӣ аз сирояти бемориҳо тамоми чораҳоро андешидаанд. Бемористон барои безараркунӣ аз маҳлули deconnex кор мегирад, ки 100%  аз сирояти маризиҳои асри 21 гепатиту вич ва ғайра кафолат медиҳад. Инчунин дастгоҳҳои стерилкунонии бемористон хубу замонавӣ буда, дар ин амр кӯмак мекунанд.

Инчунин дар тамоми бахшҳои бемористон васоили якмасраф истифода мешавад. Назорат аз болои ин ҳама аз ҷониби комиссияи салоҳиятдор, ки дар бемористон ташкил карда шудааст, бурда мешавад.

Доруҳои бемористон яке аз розҳои дигари муваффақияти бемористон аст. Мо доруҳои худро мустақиман аз истеҳсолкунандагонашон, ки шинохт дорем ворид мекунем, зеро натиҷаи табобати мо мустақиман аз ин доруҳо вобаста аст.

Ман мефахрам, ки бемористони мо чунин имкониятҳоро барои мардуми Тоҷикистони азиз фароҳам овардааст. 

   

 

ФОТО