БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бахши ёрии таъҷилӣ

Хабар

  • СИНДРОМИ ХАСТАГИИ МУЗМИН

    Кардиологи бемористон,

    доктор Мусоева Марҷона.

     

    Хастагии зиёд ва заъфи умумӣ аз шикоятҳоеянд, ки мардум ба пизишкони гуногун муроҷиат мекунанд. Теъдоди зиёде аз мардум ҳам бо ин ки хастагии музмин доранд, ба табибон муроҷиат намекунанд. Вазъи онҳо одатан баъди истироҳати кофӣ беҳбуд меёбад.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МАЛИКА ЮСУПОВА

    Қалбшиносе бо қалби нарму меҳрубон ва малҳами дарди дилҳо дар Бемористони Ибни Сино. Бо нармхӯиву меҳрубонияш бароҳатӣ метавонад бо ҳар беморе самимона муносибат кунад ва бо ин хислаташ дар дилу дидаи ҳамкорону дармонҷӯён нишастааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: АБДУВОҲИДОВ АБДУСАМАД

    Олими ҷавон, пизишки меҳрубон, боҳушу сахткӯш ва навовари Бемористони Ибни Сино. Бо маърӯзаҳои бешумори худ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ суханронӣ кардааст. Беш аз 50 мақолаи илмӣ дар бахши урологӣ навишта, ҳамчун «Олими ҷавон»-и Тоҷикистон эътироф шудааст.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Озмоишгоҳ

Озмоишгоҳ дар ошёнаи дуввуми бемористон ҷойгир гардидааст ва бе истироҳат 24 соат фаъолият мекунад. Мутахассисони озмоишгоҳи бемористон, докторон Набиева Хуросон, Азизқулова Шифо, Бозоров Фазлиддин, Назаров Даврон ва Сангалиева Миҷгона. Дар озмоишгоҳи бемористон ташхису озмоишҳои гуногун аз қабили:

- таҳлили умумии хун (CBC)

-  таҳлили умумии пешоб (UIA)

- таҳлили умумии мадфу (SIR)   

- колограммаи хун (PT, PTT) 

- озмоиши серололгӣ (CRP, RP, Wright, ASO)   

 - озмоиши бактерологӣ (UIC) 

- озмоиши ҳепотитҳо (HIV, HCV, HBSАg)   

- ҳепотити А 

- гурӯҳи хун (ABO, Rh)   

-  ҳормонҳо 

- биохимияи хун   

- молишакҳои занона (Popsmeor)     

- спермограмма   

- муайян кардани вирусҳои хун (ЗППП) 

- таҳлили лямбилиоз бо усули ИФА гузаронида мешаванд.

Нархномаи озмоишгоҳро метавонед аз ин нишонӣ пайдо кунед: http://www.ibnisino.tj/tg/narkhnoma/dushanbe/675-ozmoishgohtj.html

ФОТО